қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ НАВЪҲОИ РАСТАНӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 831) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар моддаи 1:
- ба сархати чорум баъд аз калимаҳои «Феҳристи» ва «ваколатдори давлатӣ» мувофиқан калимаҳои «давлатии» ва «оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ» илова карда шаванд;
- сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- ҳуқуқи селексионер – ҳуқуқи селексионер ба навъи нави растанӣ, ки онҳоро Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд;
- Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ – иттиҳоди байналмилалие, ки онро давлатҳо ё ташкилотҳои байниҳукуматӣ – иштирокчиёни Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ бо мақсади расондани кумак дар рушди соҳаи кишоварзӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи селексионерон таъсис додаанд;
- аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ – давлатҳо ё ташкилотҳои байниҳукуматӣ – иштирокчиёни Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ;»;
- сархатҳои ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- дархостдиҳанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои ба даст овардани ҳуқуқи селексионер ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ дархост пешниҳод намудааст;
- вориси (ворисони) селексионер - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳуқуқии селексионер эътироф карда мешавад.».
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 4, қисми 1 моддаи 8, қисми 1 моддаи 18, қисми 2 моддаи 22, қисми 1 моддаи 23, қисми 1 моддаи 27 калимаҳои «қаламрави» ва «қаламравӣ» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 4 моддаи 4 калимаҳои «барои додани» ва «қабул» мувофиқан ба калимаҳои «барои гирифтани» ва «таҳия» иваз карда шаванд.
6. Матни моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Маблағи хизматрасоние, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои қабули дархост, гузарондани ташхиси навъи нави растанӣ, додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер, интишори иттилооти расмӣ, аз ҷумла ворид намудани тағйирот ба дархост, пешниҳоди иқтибос аз Феҳрист, замима ва нусхаҳо анҷом медиҳад, аз ҷониби дархостдиҳанда бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.».
7. Матни моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Селексионер барои ҳифзи навъи нави растание, ки дастоварди фаъолияти селексионии ӯ мебошад ва ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ҳуқуқ дорад.
2. Ҳуқуқи селексионер бо додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё дигар шакли ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки аз ҷониби давлати иштирокчии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ дода шудааст, тасдиқ карда мешавад.
3. Ҳуқуқи селексионер мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ ва ҳифз карда мешавад.
4. Селексионер ҳукуқ дорад барои офаридан ё кашф намуда такмил додани навъи нави растанӣ подош гирад. Дар шартнома бо истифодабарандагони навъи нави растанӣ андоза, шартҳо ва муҳлати пардохти подош муайян карда мешаванд. Агар навъи нави растанӣ бо иштироки якчанд селексионер офарида ё кашф намуда такмил дода шуда бошад, подош тибқи созишнома байни онҳо тақсим карда мешавад.
5. Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи навъи нави растанӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар шахс ё шахсон (ворисон) дода мешавад ё мегузарад.».
8. Матни қисми 2 моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Меъёрҳои зерин барои додани ҳуқуқи ҳифзи навъи нави растанӣ асос мебошанд:».
9. Дар қисми 2 моддаи 8 калимаҳои «ба қаламрави дигар» ба калимаҳои «берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 9 ва номи боби 3 калимаҳои «барои додани» ва «ДОДАНИ» мувофиқан ба калимаҳои «барои гирифтани» ва «ГИРИФТАНИ» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 12:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 12. Пешниҳоди дархост барои гирифтани ҳуқуқи селексионер»;
- дар қисми 1 калимаи «Дархосткунанда» ба калимаи «Дархостдиҳанда» иваз карда шавад;
- дар қисмҳои 2 ва 3 калимаи «додани» ба калимаи «гирифтани» иваз карда шавад.
12. Моддаи 121 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 121. Додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер
1. Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ба селексионер (селексионерҳо), вориси ӯ (ворисони онҳо), дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар дархости ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳоднамудаи селексионер (селексионерҳо) ё вориси ӯ (ворисони онҳо) нишон дода шудааст, дода мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар сурати пешниҳод намудани дархост аз ҷониби якчанд дархостдиҳанда ба онҳо як Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер медиҳад.
3. Агар селексионер ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш навъи нави растаниро офарида ё онро кашф намуда, такмил дода бошад ва дар шартномаи (қарордоди) меҳнатии байни ӯ ва корфармо тартиби истифодаи навъи нави растанӣ баён нагардида бошад, Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ба корфармо дода мешавад.».
13. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1 калимаҳои «барои додани» ба калимаҳои «барои гирифтани» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «оид ба афзалияти пешниҳоди аввал изҳор» ба калимаҳои «афзалияти дархости аввалро баён» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «мояи» ва «асос гардад. Инчунин, амалҳои зикргардида наметавонанд барои» мувофиқан ба калимаҳои «матлаби» ва «ва» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 14:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Ҳангоми ташхис ҳамаи маълумоти расмӣ оид ба истифодаи қаблии навъи нави растанӣ, инчунин эътирози шахсони сеюм дар бораи ба қайди давлатӣ гирифтани навъи нави растанӣ ва нашри расмии давлатҳои иштирокчии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ ба инобат гирифта мешаванд.».
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
15. Дар моддаи 15:
- дар қисми 1 калимаҳои «давоми давраи аз санаи нашри дархост барои додани ҳуқуқи селексионер» ба калимаҳои «дар давраи аз санаи додани дархост барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ва нашри он» иваз карда шаванд.
- ҷумлаи якуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Дархостдиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми дар давраи зикргардидаи қисми 1 моддаи мазкур аз ҷониби дигар шахсон бе иҷозат иҷро гардидани амалҳои пешбининамудаи моддаи 16 Қонуни мазкур, ки ҳуқуқҳои дархостдиҳандаро поймол мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарарро талаб намояд.».
16. Дар моддаи 16:
- қисми 1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«1. Селексионер ба навъҳои нави растанӣ ҳуқуқи истисноӣ дорад, агар истифодаи онҳо ҳуқуқи дигар дорандагони Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерро поймол накунад. Ҳуқуқи селексионер инчунин ба навъи нави растанӣ, ки аз маводи тухмии ҳифзшаванда офарида шуда, бе иҷозати селексионер мавриди истифода қарор гирифтааст, татбиқ карда мешавад.»;
- дар қисми 3 рақами «1» ба рақами «2» иваз карда шавад;
- дар қисми 4 рақамҳои «1 ва 3» мувофиқан ба рақамҳои «2 ва 4» иваз карда шаванд;
- дар матни қисми 5 калимаи «Навъи» ба калимаҳои «Маводи тухмии навъи нави» иваз карда шавад;
- дар қисми 6 калимаҳои «Навъҳои аслан аз навъи» ба калимаҳои «Маводи тухмии навъи нави» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 2, 3, 4, 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд.
17. Матни моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ҳуқуқи селексионер ба истифодаи маводи тухмии навъи нави растанӣ, ки бо мақсадҳои шахсии ғайритиҷоратӣ, барои гузарондани таҷриба ва офаридани навъҳои нави растанӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 5 моддаи 16 Қонуни мазкур зикргардида истифода шуда ё амалҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 4 моддаи 16 Қонуни мазкур, ки нисбат ба ҳамин гуна навъҳои нави растанӣ иҷро мешаванд, татбиқ карда намешавад.
2. Ҳуқуқи селексионер бо мақсади таъмини манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба навъҳои ҳифзшавандаи растанӣ, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи тухмӣ истифода менамоянд, метавонад маҳдуд карда шавад.».
18. Дар қисми 1 моддаи 18:
- рақамҳои «4-6» ба рақамҳои «5-7» иваз карда шаванд;
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи тухмии навъи нави растании ҳифзшаванда;».
19. Ба қисми 2 моддаи 24 ва қисми 3 моддаи 25 баъд аз калимаи «селексионер» калимаҳои «ё вориси ӯ» илова карда шаванд.
20. Дар моддаи 26:
- дар қисми 1 калимаҳои «хотима меёбад» ба калимаҳои «қатъгардида ҳисобида мешавад» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «хотимаёбии» ва «ба ҳисоб меравад» мувофиқан ба калимаҳои «қатъ гардидани» ва «муайян карда мешавад» иваз карда шаванд.
21. Дар қисми 1 моддаи 27 калимаҳои «Оид ба пешниҳод ва ҳифзи ҳуқуқи селексионер бе расондани зарар ба ҳуқуқҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, шаҳрвандони» ва «пешниҳод» мувофиқан ба калимаҳои «Шаҳрвандони давлатҳои» ва «дода» иваз карда шаванд.
22. Моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 28. Ҳифзи ҳуқуқи селексионер
Ҳуқуқи селексионер ба навъи нави растанӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.».
23. Матни моддаи 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ба қайди давлатӣ гирифтани навъи нави растанӣ дар нашриёти даврӣ ва сомонаи интернетии худ иттилооти расмӣ интишор менамояд. Иттилооти расмӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- дархости аз ҷониби дархостдиҳанда воридшуда барои гирифтани ҳуқуқи селексионер, натиҷаи мусбати ташхиси навъи нави растанӣ, ном ва афзалиятҳои навъ, ному насаб ва номи падари селексионер;
- қарори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар нашриёти даврӣ ва сомонаи интернетии худ, инчунин оид ба дигар намудани номи навъи нави растанӣ, беэътибор будани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ва маълумоти дигаре, ки ба ҳифзи навъи нави растанӣ дахл дорад, иттилоот интишор менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1482
Қарори Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 октябри соли 2017, № 910
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 463
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.01.2018 №: 5-6 Мутолиа карданд: 1367