қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 17) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1:
- дар сархати ёздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дигар маълумотеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.»;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолонро муассис (муассисон) таҳия ва тасдиқ мекунад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии муассисаи мазкурро таъмин менамояд.».
2. Қисми 3 моддаи 14 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1486
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2017, № 899
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 467
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.01.2018 №: 5-6 Мутолиа карданд: 1387