logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ.1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 - 8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7 - 9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ.1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.  Дар қисми  7 моддаи  7, ном ва диспозитсияҳои моддаҳои 223, 406 ва 468 калимаҳои «дастуруламал», «дастуруламалҳою», «дастуруламалҳо» ва «дастуруламалҳои» мувофиқан ба калимаҳои «дастурамал», «дастурамалҳову», «дастурамалҳо» ва «дастурамалҳои» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 31, қисми 3 моддаи 37 ва қисми 3 моддаи 47 калимаи «қисми» ба калимаи «Қисми» иваз карда шавад.
3. Ҷумлаи  дуюми  қисми 5 моддаи 48 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Меъёри мазкур нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаҳои 328 қисми 1, 332, 333 қисмҳои 1 ва 3, 334, 339 қисми 2, 497 - 499, 577, 578 қисмҳои 1 ва 2, 579, 585 қисми 1, 592, 593 қисми 1, 594 қисми 1, 595 қисми 1, 596 ва 597 Кодекси мазкур пешбинигардида татбиқ намегардад.».
4. Дар номи моддаи 87 калимаҳои «муроҷиати шаҳрвандон» ба калимаҳои «муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
5. Дар диспозитсияи моддаи 92 калимаи «деҳа» ба калимаи «деҳот» иваз карда шавад.
6. Дар диспозитсияҳои моддаи 343, қисми 3 моддаи 521 ва қисми 1 моддаи 686 калимаи «маҳаллӣ» ба калимаҳои «шаҳрак ва деҳот» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 409:
- ба диспозитсияи модда пас аз калимаҳои «ҳокимияти давлатӣ» калимаҳои «, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва» илова карда шаванд;
- санксияи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
8. Ба номи моддаи 415 пас аз калимаи «иҷроияи» калимаи «маҳаллии» илова карда шавад.
9. Дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 422 калимаҳои «даҳ то бист» ва «бист то сӣ» мувофиқан ба калимаҳои «сӣ то панҷоҳ» ва «шаст то сад» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 446:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Барои дар давоми як соли пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
11. Дар моддаи 447:
- дар ном ва диспозитсияи модда калимаи «сертификат» ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ» иваз карда шавад;
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Барои дар давоми як соли пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
12. Моддаи 510 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 510. Бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаро талаб менамояд
1. Барои бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб менамояд, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он ҷарима таъйин карда мешавад.».
13. Дар ном ва диспозитсияи моддаи 587 калимаи «ҳаммонандкунӣ» ба калимаҳои «ҳаммонандкунӣ (идентификатсия)» иваз карда шавад.
14. Дар номи моддаи 594 калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шавад.
15. Ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 685 пас аз калимаи «тарафи» калимаи «корфармо,» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1477

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии
маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 ноябри соли 2017, № 951

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон
 Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
 ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 458


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 2111
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед