қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, № 12, мод. 840; с. 2012, № 7, мод. 719; с. 2013, № 3, мод. 180; с. 2015, № 11, мод. 954; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 277), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 35 калимаҳои «марзию маъмурии» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 5 моддаи 54 ва қисми 4 моддаи 68 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 4 моддаи 162 калимаҳои «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
4. Аз қисми 1 моддаи 187 калимаҳои «аз ҷумла иҷрочии суд,» хориҷ карда шуда, пас аз калимаҳои «боби мазкур» калимаҳои «ва нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд бо талаботи пешбининамудаи моддаҳои 303 ва 304 ҳамин Кодекс» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1475
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 октябри соли 2017, № 902
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 456
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.01.2018 №: 5-6 Мутолиа карданд: 1392