ҳуқуқ
ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ
Тавре ҳамасола шоҳидем, дар ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократию фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи адолатпарвар мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои муаззами миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки «Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».
Имрӯз маҳз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия сиёсати ҳуқуқии давлат дар ҳолати рушду такомул қарор дошта, дар заминаи таҳкими парламентаризми миллӣ муҳимтарин қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, ки дар онҳо арзишҳои эътирофнамудаи санадҳои байналмилалии универсалӣ инъикоси худро пайдо намуданд. Муҳим аз ҳама унсурҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ рушд ёфтанд ва дар заминаи онҳо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид, кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон меҳвари асосии сиёсати давлатӣ дониста шуд ва падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд.
Пешвои миллат дар Паём аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар гардида, зикр намуданд, ки «Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад».
Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми кишвар қабул гардид, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоскунандаи фарҳанги волои инсонӣ маънидод кард ва онҳоро аз дахолати ноҷои ҳар гуна андешаҳои номатлубу ифротӣ эмин нигоҳ дошта, омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.
Дар як муддати кӯтоҳ қонун ниҳоят натиҷаи муфид ба бор овард ва барои бартараф намудани исрофкорию хароҷоти беҳуда дар тӯю маърака ва маросими азодорӣ, паст кардани унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлидкорӣ ва, инчунин, барои нигоҳ доштани нарху наво дар бозори истеъмолӣ мусоидат карда, ба буҷети ҳар як оила сабукӣ овард.
Бинобар зарурати бамиёномада ва таклифу пешниҳодҳои сершумори аҳолӣ бо ташаббуси Сарвари давлат ба Қонуни зикршуда соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки онҳо барои такмили қонун ва пешгирии хурофоту зоҳирпарастӣ зимни баргузории ҷашну маросимҳо нигаронида шуданд.
Имрӯз кишвари мо дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои азим ба назар мерасанд. Ин раванди босубот ҳар як шахси худогоҳу худшиноси кишварро водор месозад, ки ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда дучанд фаъолият намуда, бо дарки амиқи қарзи шаҳрвандии худ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократиамон саҳмгузор бошад.
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.01.2018 №: 7 Мутолиа карданд: 1015