logo

маориф

НЕРУИ ЗЕҲНӢ БА ХОТИРИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ Ҳукумати мамлакатро муваззаф карданд, ки ҷиҳати гузарондани таҳлили имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бо арзиши баланди иловашуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот чораҷӯӣ карда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат» - ро таҳия намояд.

Аҳли назар, таъкиди ин нукта дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олиро бисёр бамаврид дониста, ҷиҳати инкишофи неруи зеҳнӣ таъмини рушди муассисаҳои томактабиро зарур мешуморанд. Аз ҷумла, Шариф Раҳимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мегӯяд: «Мо бояд кӯдаконро аз боғча ба мактаб омода созем, то ки бо фаҳмиши зеҳнии худ ба талаботи имрӯза мувофиқ бошанд. Дар оянда дар истеҳсолоте  кор кунанд, ки арзиши иловашуда хеле зиёд бошад ва чунин соҳа саноат аст. Имрӯз мо бо бозори ҷаҳонӣ додугирифт дорем. Арзиши иловашудаи он молҳое, ки мефурӯшем, аз 7 – 8 то 15 – 20 дарсад аст.
Вале, молҳое, ки аз бозори ҷаҳонӣ мехарем, то 300 ва зиёда аз он фоизи иловашуда доранд. Масалан, арзиши иловашудаи телефонҳои мобилии «iPhone» - 6 ё 7 ба беш аз 300 – 400 дарсад мерасад. Онро мардум мехаранд ва истифода мебаранд. Яъне, мо ҳиссаи зиёди маблағи худро ба хориҷа медиҳем, зеро онҳо дорои саноати рушдкардаанд».
Ба андешаи Гулмаҳмад Мирзоев, мудири кафедраи мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрокаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ихтироъкорӣ ба неруи зеҳнии  шахси соҳибмаърифат вобаста буда, метавонад мақому манзалати ӯро дар  ҷомеа баланд бардорад. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат дар баромаду суханрониҳои худ таъкид ба он менамоянд, ки таваҷҷуҳи насли наврасро, ки муаррифгари ояндаи миллатанд, ҳар чи бештар ба навоварию эҷодкорӣ ва ихтироъкорию худтакмилдиҳӣ ҷалб намоем. -Хушбахтона, имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи илму маориф, бахусус илмҳои техникӣ ва технологияи муосир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд, ки ин дар оянда омили асосии пешравию шукуфоии кишвар хоҳад буд. Имрӯзҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ, махсусан  Маркази миллии патенту иттилоот, телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тафаккури илмию эҷодии ҷавонон ба ихтироъкорию навоварӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар ин робита, ташкилу ба роҳ мондани озмунҳо барои беҳтарин ихтироот ва кашфиёт аз ҷониби телевизиони «Баҳористон» далели ин гуфтаҳост. Чунин ташаббус ба ҳавасмандгардонии ҷавонон мусоидат намуда, сатҳи зеҳнию худтакмилдиҳии касбии онҳоро баланд мебардорад, - гуфт Гулмаҳмад Мирзоев, номзади илмҳои техникӣ.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 1012
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед