номаҳо
БАРҚ. САРФАКОРИРО БОЯД ОМӮЗЕМ
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 дарсади барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Ин нуктаро дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.
Бароварда сохтани орзуи мардуми Тоҷикистон ҷиҳати таъмини қувваи барқ дар фасли сармо – ғамхории Сарвари давлат кори хайр ва дастоварди азимест, ки ба шарофати талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муяссар гардидааст. Яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати кишвар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Имрӯз кишвари мо дар ин самт зина ба зина ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Аз ин рӯ, дар ҷавоби ин ғамхорӣ месазад, ки неруи барқро оқилона истифода барем ва ба исрофи он роҳ надиҳем.
Баробари рушди энергетика соҳаҳои дигари иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар рушд карда, Тоҷикистон ба пешравиҳои иқтисодӣ ноил мегардад. Мо метавонем дар роҳи татбиқи барномаҳои тарҳрезишудаи кишвар ҳиссагузор бошем, яъне ба сарфаву сариштаи барқ диққати махсус диҳем.
Зафар АКРАМОВ, ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2018 №: 8 Мутолиа карданд: 1353