маориф
НЕРУИ ИНСОНӢ ВА САҲМИ ОМӮЗГОР ДАР РУШДИ ОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳатман барои рушду нумӯи маорифи миллӣ дастур медиҳаду роҳнамоӣ мекунад. Воқеан, ба муҳимтарин масъалаҳое диққати мо – омӯзгоронро равона месозад, ки ҳалли дурусту саривақтии он бисёр ногузир аст.
Пеш аз ҳама худи Ҳукумати кишвар барои беҳтар шудани вазъ барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ менамояд ва дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Аз ҷумла, танҳо дар соли гузашта барои сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ беш аз 400 миллион сомонӣ сарф ва 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Соли равон ин раванд идома меёбад.
Албатта, иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020» ба боло рафтани сатҳи сифати таълим мусоидат менамояд. Дар ин сурат кишвари мо аз рӯи чандин нишондиҳандаҳои дигар низ дар миёни давлатҳои ҷаҳон ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешавад.
Сарвари давлат таъкид месозад, ки мо набояд ба ин дастовардҳои соҳа ва нишондиҳандаҳои нек қонеъ бошем, балки таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим биафзоем. Яъне бояд бештар заҳмат бикашем. Ҳамчунон, дастур медиҳад, ки ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар дода шавад, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода гардад, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълим таҳким ёбанд.
Ҳамин тавр, ба соҳаи маориф сол ба сол таваҷҷуҳ бештар мегардад, ҳамаи шароиту имконот фароҳам оварда мешавад. Акнун аз рӯи вазифаи касбӣ ва рисолати шаҳрвандию инсонӣ моро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар бикунем.
Дар Паёми навбатӣ таъкид шудааст, ки барои омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ биандешем. Инчунин, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Ин роҳнамоиҳо ва таъкидҳо ба он хотир аст, ки нишондиҳандаҳои таъмини сифатро бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик бисозем ва ба ин васила пеш биравему истиқлолу ваҳдати миллию дастовардҳои онро ҳифз намуда тавонем.
Аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дорад. Ба ҷуз ин, ин ҳақиқатро бояд хуб бидонему дарк бикунем, ки пешрафти дигар соҳаҳо иртибот мегирад ба рушди соҳаи маориф. Аз ин рӯ, омӯзгор дар раванди таълиму тарбияи насли наврас ҳуқуқи хато карданро надорад.
Ҷамолиддин ШУКУРОВ,
директори муассисаи давлатии
таълимии мактаби президентӣ барои
хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2018 №: 8 Мутолиа карданд: 1298