маориф
МАОРИФ ДАР РАҚАМҲОИ ГӮЁ
Қатъи назар аз идомаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, соли 2018 маблағгузории соҳаи маориф дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, ба 3 миллиарду 863,1 миллион сомонӣ расонда мешавад, ки нисбат ба соли сипаришуда 281,9 миллион сомонӣ зиёд буда, 18 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ин нукта зимни ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати маориф ва илм, ки таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода баргузор гашт, зикр гардид.
Қайд гашт, ки устувор ва самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, маблағгузории ин соҳаи калидӣ ва ҳаётан муҳимро сол ба сол афзоиш медиҳад. Аз ҷумла, соли 2017 барои соҳа 3 миллиарду 581 миллиону 109 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2016 сездаҳ дарсад зиёд аст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм ва дигар муассисаҳои таълимӣ фикру андешаҳои худро иброз намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки таваҷҷуҳи пайваста ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ далели он аст, ки ҷумҳурии мо барои ояндаи рӯшану шукуфои халқ, бавижа ҷавонону наврасон, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.
Ҷамъомадагон, инчунин, доир ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти то- мактабӣ ва миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои тобеи вазорат, рафти иҷрои қарору барнома ва стратегияҳо, раванди таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳо, сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузарондани омӯзгорон, гузариш ба низоми таҳсилоти салоҳиятнок, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, фарогирии хонандагон ба таҳсил, бунёди муассисаҳои таълимӣ, таҳсили донишҷӯён дар хориҷӣ кишвар ва чанде дигар фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, „Ҷумҳурият“
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2018 №: 8 Мутолиа карданд: 1314