туризм
САЁҲАТИ САРГУЗАШТӢ ВА ПИЁДАГАРДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН
Тоҷикистон дар раддабандии Созмони байналмилалии British Backpacker Society аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ дар даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон қарор гирифт. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бахши сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, симои мамлакат ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.
“Аз ҷониби Созмони байналмилалии British Backpacker Society ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон ворид гаштани Тоҷикистон аз рушди соҳаи сайёҳии кишвари мо шаҳодат медиҳад”, - омадааст дар хабари Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Боиси тазаккур аст, ки намояндагони Созмони байналмилалии “British Backpacker Society” тӯли 4 - 5 соли охир ба зиёда аз 80 кишвари дунё сафар карда, макони беҳтаринро барои саёҳати пиёдагардӣ ва саргузаштӣ интихоб карданд. Онҳо тасмим доранд ин гуна сафарҳоро идома дода, ҷуғрофияи давлатҳои тавсиявиро барои саёҳат дар соли 2018 васеъ намоянд.
Саёҳати пиёдагардӣ яке аз намудҳои саёҳати инфиродӣ буда, нисбатан арзон ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин навъи сайёҳӣ дар кишвари мо солҳои охир рӯ ба рушд ниҳодааст.
Сайёҳии саргузаштӣ шавқмандони зиёд дорад. Коршиносон иброз медоранд, ки кишвари мо бо кӯҳҳои осмонбӯс, табиати зебову нотакрор, мавзеъҳои аҷиби табииву таърихӣ барои рушди ин навъи сайёҳӣ иқтидори бузург дорад. Саёҳати саргузаштӣ дорои навъҳои зиёд, аз ҷумла автомобилӣ, кӯҳнавардӣ, кӯҳӣ, пиёдагардӣ, рафтинг, қаиқронӣ буда, дар Тоҷикистон аксари ин намудҳо аллакай рушд ёфтаанд. Ба ин ҷиҳат тадбирҳои пай дар пай андешидани давлату Ҳукумат, аз ҷумла низоми раводиди электронӣ, ки аз соли 2016 ҷорӣ гардид, мусоидат менамоянд.
Ибтикори навбатӣ – то 10 рӯзи корӣ тамдид кардани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки 22 декабри соли 2017 зимни Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд, иқдоми муҳиму саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва будубоши бемамониати сайёҳони хориҷӣ ва ҷалби доираи васеи онҳо ба ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Итминон ҳаст, ки имсол соҳаи сайёҳӣ ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил гашта, Тоҷикистон дар раддабандиҳои минбаъдаи ташкилотҳои байналмилалӣ мақоми баландтарро ишғол менамояд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2018 №: 8 Мутолиа карданд: 1381