маориф
АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ИЛМ АЗ ИСТЕҲСОЛОТ ДУР АСТ. ЧАРО?
Соли 2017 олимони Академияи илмҳои кишвар фаъолияти худро дар самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, такмили сохтори муассисаҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва равнақ додани робитаҳои байналмилалӣ равона намуда, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд, - зикр шуд зимни баргузории ҷаласаи солонаи Академияи илмҳои кишвар.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти академия, оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмию ташкилии академия ва вазифаҳо барои соли 2018 маърӯза намуд. Аз ҷумла гуфт, ки: «Дар соли 2017 - ум 170 китобу монография, маҷмӯаҳои илмии олимон нашр гардид. Аз 1820 мақола 136 - тои он дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои ИДМ, 72 - то дар маҷаллаҳои хориҷи дур ба табъ расиданд. Ин муддат дар шӯроҳои диссертатсионии кишвар 19 рисолаи докторӣ ва 151 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Кормандони академия бошанд, 3 рисолаи докторӣ ва 14 рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд».
Дар ҷаласа, ҳамчунин, зикр гардид, ки дар соли сипаришуда олимони академия барои дастовардҳои илмиашон 16 патенти ҷумҳурӣ, 1 патенти ИМА ва 3 қарори мусбат оид ба гирифтани патент ба даст оварданд. Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 12 коркарди олимон пешниҳод гардид.
Бо вуҷуди ин, муассисаҳои илмии академия ба душвориҳо дучор гардиданд, ки асосан ба кам будани маоши кормандон, норасоии маблағ барои дастрас намудани маводи зарурии илмӣ, таҷҳизоти техникӣ, маводи кимиёвӣ, ташкили сафарҳои илмӣ вобастаанд. Ҷалби мутахассисони ҷавон ва хатмкардагони мактабҳои олӣ ба академия бо вуҷуди он ки дар соли 2017 нисбатан беҳтар гардид, боз ҳам беҳбудӣ мехоҳад. Ҳоло камбудии ҷиддӣ ин кам будани маҳсули кори баъзе кормандони илмии муассисаҳои илмӣ ва бархе аз аъзои академия ба шумор меравад. Ҳамчунин, дар иқтисодиёти кишвар хеле кам ҷорӣ гардидани дастовардҳои илмии олимон мавриди нигаронии раёсати академия гардидааст.
- Ҳалли ин ва дигар масъалаҳои муҳим, аз қабили таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишвар, гузарондани таҳқиқот доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таърихи миллати тоҷик, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, аз вазифаҳои асосии мо дар соли 2018 мебошанд, - гуфт дар хотима Ф. Раҳимӣ.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2018 №: 8 Мутолиа карданд: 1108