logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, 5 октябри соли 2009

Ба номи Худованди ҷону хирад!
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромиқадр!
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 1310-солагии донишманди мумтози ҷаҳони ислом, асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои аҳли суннату ҷамоат - Имоми Аъзам мо имрӯз шоҳиди боз як рӯйдоди фараҳбахш – оғози сохтмони масҷиди бузургтарини ҷомеъ ва Донишгоҳи исломӣ дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе мебошем.
Бо камоли шукрона аз истиқлолияту соҳибихтиёрии мамлакатамон, ки барои вусъати раванди созандагӣ тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст, ин рӯйдоди хотирмонро ба ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми мардуми шариф ва мусулмони Тоҷикистон муборакбод мегӯям.
Воқеан, ҷавҳари таълимоти ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дини мубини ислом, ибодат ба Парвардигор аст. Ибодатгоҳро Хонаи Худо низ меноманд ва он барои инсони боимону тақводор покизатарин макон мебошад. Розу ниёзи шахси тақводор бо офаридгори худ ба василаи намоз анҷом меёбад, ки он бинои дуюми мусулмонӣ ба ҳисоб меравад. Бандагони мӯъмину мусулмон маҳз тавассути намоз ба халлоқи олам саҷда меоранд ва муҳимтар аз ҳама, рӯҳу қалби худро поку мусаффо мегардонанд. Аз ин рӯ, бунёд кардани масҷид амали бисёр пурарзиш ва хайру савоб ба шумор меравад. Худованд дар каломи осмонии худ дар ҷои махсус ибодат карданро борҳо таъкид кардааст.  Аз ҷумла, дар сураи Оли Имрон мефармояд: «Нахустин хонае, ки барои мардум (барои ибодати Худованд) қарор дода шуд, ҳамон аст, ки дар сарзамини Макка аст ва пурбаракату сабаби ҳидояти ҷаҳониён аст».
Сад шукри истиқлолияти давлатӣ, ки ба шарофати он барои эҳёи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва динию мазҳабии мардуми мо шароити мусоид фароҳам омад ва мусулмонони кишвари соҳибистиқлоли мо имрӯз фаризаҳои динии худро дар доираи муқаррароти қонун ва бидуни монеа амалӣ мегардонанд. Давлати Тоҷикистон тибқи Конститутсия принсипҳои гуногунандешӣ, озодии эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эҳтиром ва риоя карда, татбиқи онҳоро кафолат медиҳад.
Тавре ки зикр шуд, масҷид барои мусулмонон макони муқаддаси ибодату ниёиш буда, эътиқодмандон ба хонаи Худо ба хотири бардошти ғизои маънавӣ меоянд. Вале бояд дар хотир дошт, ки ин ғизои рӯҳиву маънавӣ низ ба монанди рӯзие, ки аз роҳи касби ҳалол ба даст меояд, бояд ҳалолу покиза бошад, то ақлҳоро равшану нуронӣ гардонад ва дилҳоро ҷилову сафо бахшад. Аз ин лиҳоз, ҷойгоҳи парастиши Худованд на ҳамчун минбари таблиғи ҳар гуна ақидаву андешаҳои бегонаи ифротиву тундравона ва хурофотиву ҷудоиандозона, балки чун макони тарбияи ахлоқӣ ва василаи муттаҳидсозии мардуми мусулмон истифода гардад. Зеро дини мубини ислом ҳидоятгари роҳи ростиву растагорӣ мебошад ва мазҳаби таҳаммулгарои мо тариқаву роҳҳои беҳтарини татбиқи аҳкоми шаръи шарифро муайян месозад.
Яке аз омилҳои муҳимтарини густариш ва интишори таълимоти Имоми Аъзам дар қаламрави Осиёи Миёна, ки дар ҳаёти маънавӣ ва ҷаҳонбинии динии мардумони минтақа, аз ҷумла тоҷикон нақши барҷаста дорад, бо ватани аҷдодии ӯ вобаста мебошад.  Ҳамин аст, ки шогирдони зиёди Абӯҳанифа аз қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр буда, таълимоти бо урфу оинҳои мардум созгори ӯ ва кушояндаи бисёр мушкилоту масъалаҳои вобаста ба ҳаёти ҷомеаро меомӯхтанд ва тарғибу ташвиқ мекарданд. Мазҳаби ҳанафӣ бар пояи усул ва суннатҳои хайрхоҳона ва таҳаммулгароёнаи ислом бунёд ёфта, ба талаботу ниёзҳои моддиву маънавии мусулмонон комилан мутобиқ ва дар зиндагии ҳаррӯзаи пайравонаш татбиқ мегардад.
Дар доираи чорабиниҳои вобаста ба бузургдошти ном ва мероси ҷовидонаи фарзанди фарзонаи тоҷикон – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мо имрӯз ба сохтмони бузургтарин масҷиди ҷомеи кишвари соҳибистиқлоламон, ки мувофиқи лоиҳа дар дохил, долонҳо ва атрофи он дар як вақт то 150 ҳазор нафар мусулмон метавонад намоз гузорад, оғоз бахшида, умедворем, ки баъди анҷом ёфтани ин кори хайр мардум барои анҷом додани фарзиёти Худованд  бо дили пок, имони қавӣ ва эътиқоди устувор вориди он хоҳанд гашт. 
Бояд гуфт, ки лоиҳаи масҷиди мазкур аз ҷониби Ширкати «Аднон Сафаринӣ»-и Амороти Муттаҳидаи Араб таҳия шудааст ва мо ният дорем, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда сохтмони онро дар муддати панҷ сол ба анҷом расонида, ба хизмати мардуми мусулмони Тоҷикистон ва меҳмонони он супорем.
Масҷид аз манораи баландиаш зиёда аз сад метр, ҳафт сутун, ки рамзи ҳафт қабати осмону замин ва дарвозаҳои биҳишт мебошад, ҳавз ва якчанд фаввора, инчунин китобхонаву осорхона ва толорҳои махсуси муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизоти навтарин барои гузаронидани ҷаласаву конфронсҳо иборат хоҳад шуд.
Дар ҳудуди ҳамшафати масҷид барои Донишгоҳи исломӣ бинои бузурге низ бунёд карда мешавад, ки иншооти аз ҳар лиҳоз муосир хоҳад буд. Зимнан, илова месозам, ки раванди таълим дар Донишгоҳи исломӣ мутобиқи барномаи таълимии замонавӣ ташкил карда мешавад ва хатмкунандагони он дар баробари ҳосил кардани донишҳои илоҳӣ донандаи чандин забони хориҷӣ ва муҳимтар аз ҳама, соҳиби ихтисоси муайян мешаванд.
Вобаста ба бунёди ин муҷтамаи бузург мехоҳам махсус таъкид намоям, ки бо дарназардошти мушкилоти иқтисодӣ ва сохтмони дигар иншооти ҳаётан муҳими мамлакатамон мо ин кори хайрро аз ҳисоби маблағҳои хайрияи шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, инчунин ташкилоту муассисаҳо ва созмонҳои ватаниву хориҷӣ ба анҷом хоҳем расонид. Ва бо бунёди ин иншооти барои мардуми кишварамон бисёр муҳим аз даргоҳи Худованди Мутаол умед дорем, ки хонаи мо, яъне Тоҷикистони азизи моро бо назари раҳмат ва инояти худ ҳамеша обод нигоҳ дорад. Умедворем, ки дар ояндаи наздик ин мавзеъ ба яке аз марказҳои бузурги фарҳанги исломии кишварамон табдил хоҳад ёфт.
Бо ҳамин нияти нек ташрифи меҳмонони арҷманд, аз ҷумла вазири ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар ҷаноби Холид ал-Атияро, ки дар сохтмони иншооти имрӯза нияти саҳмгузорӣ доранд, ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам, оғоз ёфтани бунёди масҷиди бузурги ҷомеъ ва Донишгоҳи исломӣ самимона табрик менамоям ва барои  дар сари вақт ва бо сифати баланд сохта, ба истифода додани он ба сохтмончиён барори кор орзумандам.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3270
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед