энергетика
РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА ЗАМИНАИ ТАҲАВВУЛОТИ АЗИМ ДАР ҲАМАИ СОҲАҲОСТ
Мардуми шарафманди тоҷик аз дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо рӯҳбаландӣ ва самимияти хос истиқбол намуда, дар ҷамъомадҳои худ ин ҳидоятномаи саодатбахшро роҳнамои воқеӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ арзёбӣ мекунанд.
Дар Паём ба рушди соҳаи энергетика аҳамияти хоса дода шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар мамлакат боз 3 соли дигар мондааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз 14 январи соли 2017 ба ин тараф сокинони мамлакат пурра бо неруи барқ таъмин буда, фаъолияти муназзами корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ низ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон нархи як киловат соат неруи барқ 17 дирамро ташкил медиҳад, ки ин назар ба дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле арзон мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 65 дарсад захираҳои оби Осиёи Марказӣ тавлид мешавад. Истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик на фақат эҳтиёҷоти энергетикии худ, балки як қатор мамлакатҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои Покистону Афғонистонро низ бо неруи барқ таъмин намояд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки рушди соҳаи энергетика барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат, пайдо гаштани ҷойҳои нави корӣ, афзудани иқтидори истеҳсолӣ, дар ҳамин замина ғанӣ гардондани Буҷети давлатӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат мо - барқчиёнро водор месозад, ки барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи он, кам кардани талафоти неруи барқ бо истифода аз технологияҳои каммасраф тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.
Илҳом КЕНҶАЗОДА,
директори ҶСК шабакаҳои барқии ноҳияи Данғара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2018 №: 10 Мутолиа карданд: 17363