logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, 4 октябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори таҷлили 1310-солагии бунёдгузори яке аз мазҳабҳои бузурги аҳли суннату ҷамоат Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам ва ба муносибати ифтитоҳи масҷиди ҷомеъ, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнии ин шахсияти барҷаста сурат мегирад, самимона табрик мегӯям.
Дар воқеъ, масҷид барои мусулмонон яке аз ҷойҳои муқаддас, макони ибодат, худогоҳиву худошиносӣ ва анҷом додани корҳои хайру савоб  мебошад. Рисолати азалии масҷид, пеш аз ҳама, талқини маърифати илоҳӣ мебошад, ки тавассути адои намоз ва тоату ибодати бандагони Худо сурат мегирад.
Дар ин хусус дар сураи Нури каломи осмонӣ омадааст: «Дар хонаҳое, ки Худо дастур додааст, ки бунёд карда шаванд ва дар он  ҷо номи ӯ ба покӣ ёд карда шавад, дар он ҷо Худоро субҳу шом ёд мекунанд».
Ин маъниро яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ислом Имом Муслим чунин ривоят кардааст: «Беҳтарин ҷойи рӯи замин назди Худованд масҷидҳои он аст. Мардум ба ин макони муқаддас ба хотири қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии худ - ибодати Парвардигор ва баҳрабардорӣ аз ғизои маънавӣ меоянд».
Рисолати дигари масҷид ва ходимони дин, ки ҳамчунин аз ҷумла вазифа ё рисолатҳои муҳимтарини онҳост, тарғиби ростӣ ва тарзи дурусту оқилонаи зиндагӣ, ҳидоят кардани мусулмонон ба корҳои хайру савоб, тарбияи фарзандон, таҳким бахшидани пайвандҳои дӯстиву бародарӣ ва ваҳдати ҳамаи мусулмонон мебошад.
Ба ибораи дигар, масҷид набояд минбари таблиғи ақидаву андешаҳои ифротӣ ва тундравона, таассубу хурофот ва ихтилофу парокандагӣ, балки ҳамчун макони раҳнамоии мардум ба муттаҳидӣ, ободгарӣ ва кӯмак ба ҳамдигар бошад. 
Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки муҳимтарин аъмоли уммати мусулмон дар назди Худои таоло иҷрои фармудаҳои ӯ ва анҷом додани дастурҳои шаръи шариф, хусусан ба ҷо овардани корҳои хайру савоб аст.
Аз ин лиҳоз, хутбаву мавъизаҳои ходимони дин дар масҷидҳо, сӯҳбатҳои уламои ислом бо мардуми намозгузор зимни тафсири оятҳои карима ва шарҳи ҳадисҳои набавӣ, нақли ривоятҳо аз рӯзгори бузургони илму фарҳанг ва дин бояд дарси одобу ахлоқ ва худшиносиву худогоҳӣ бошанд.
Мисоли возеҳи ин, эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам аст, ки ҳаргиз маънои боло гузоштани мазҳаби аҳли суннату ҷамоатро надорад, балки ҳадаф аз ин иқдом бори дигар ҷалб кардани таваҷҷӯҳи мардуми кишвар ва аҳли башар ба арзишҳои ҷовидонии таълимоти ӯ, пеш аз ҳама, афкори таҳаммулгароии ин фақеҳи бузург ва истифодаи онҳо дар тақвияти якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагии олами ислом ва умуман инсоният дар шароити нобасомони муосир мебошад. 
Мо дар баробари арҷгузорӣ ба шахсияти бузургмардони миллатамон ва омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи осори онҳо вазифадорем, ки ин мероси ҷовидониро ба хотири рифоҳу оромии мардум ва хусусан тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи башардӯстиву инсонпарварӣ, ватанхоҳиву ватандорӣ, илму ҳунаромӯзӣ ва ахлоқи ҳамида истифода намоем. Бояд гуфт, ки ғояи инсонгароӣ моҳияти осори Имоми Аъзамро ташкил дода, дар таълимоти ӯ шарҳу тавзеҳи ҳамаҷонибаи асли қуръонии каромат ва шарофати инсон борҳо таъкид шудааст. Воқеан дини мубини ислом инсонро бузургтарин офаридаи Худои таоло дониста, байни одамон аз рӯи мансубияти қавмӣ ва ҳатто мансубияти динии онҳо фарқ намегузорад.
Имоми Аъзам дар ҳамин асос манфиати инсонро аз ҳама чиз боло ҳисобида, ҳаёти маънавӣ ва имонии худро бар асли инсонгароӣ қарор додааст. Аз ин рӯ, мазҳаби ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоҳу осоиши мардумро аз аркони таркибии худ медонад, дар тӯли асрҳои зиёд дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон нақши муассир дорад. Вале, мутаассифона, солҳои охир дар баъзе кишварҳои исломӣ созмону равияҳое ба вуҷуд омада, дар зери парчами ислом фаъолият карда истодаанд, ки нусхаи фирқаҳои тундрави замони Абӯҳанифа буда, дини мубини исломро ба ҷомеаи башарӣ ҳамчун як дини асримиёнагии тундрав ва иборат аз ақидаҳои экстремистӣ ва ҳатто террористӣ муаррифӣ менамоянд.
Ин аст, ки имрӯзҳо дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, кӯшишҳои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳмил кардани ақидае, ки гӯё ислом ва арзишҳои он ба низоми демократияи муосир аслан созгор набуда, баръакс бо он дар зиддияти оштинопазир қарор дорад, зиёд мушоҳида мегарданд.
Ҳол он ки фарҳанги пурғановату куҳанбунёди мардуми Шарқ, ки дини мубини ислом як ҷузъи таркибии он ба ҳисоб меравад, саршор аз ақидаҳои мардумсолорӣ ва инсондӯстӣ мебошад. 
Аз ин рӯ, барои аз байн бурдани чунин тасаввурот ва андешаҳои ғалат, инчунин ба ҷомеаи пешрафтаи башарӣ ба таври арзанда муаррифӣ кардану шиносонидани исломи ҳақиқӣ ҳар як инсони худшиносу худогоҳро лозим аст, ки пеш аз ҳама илму дониш омӯзад, ба касбу кор ва меҳнати ҳалол машғул шавад, зеро  омӯзиши илму дониш ва соҳиби касб гардидан яке аз фаризаҳои аслии таълимоти исломӣ маҳсуб ёфта, савобу манфиати он бо ибодат кардан баробар мебошад.
Худованд баробари офаридани банда ба ӯ ақл ҳам додааст, ки донишу ҳунар омӯзад, заҳмат кашад ва бо обилаи дасти худ аҳли аёлашро бо ризқи ҳалол таъмин намояд. Пайғамбари ислом - ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар яке аз ҳадисҳои худ чунин мефармояд: «Ҳеҷ кас беҳтар аз он таоме нахӯрда, ки аз меҳнати худи ӯ бошад». Инсон маҳз бо меҳнати ҳалол, ахлоқи поку ҳамида, парҳезгориву сариштакорӣ ва анҷоми корҳои хайру савоб аз зиндагии худ баракат меёбад.
Аз ин рӯ, мо барои ба танзим даровардани расму оинҳои мардумӣ ва гирифтани пеши роҳи маъракаву маросимҳои серхароҷот ду сол пеш қонуни алоҳида қабул кардем, ки аз тарафи ҷомеаи кишвар хуб пазируфта шуд ва чунон ки имрӯз мебинем, натиҷаҳои нек ба бор овард. Илова бар ин, чанде пештар ба шахсони сарватманд ва саховатпешаву ҳимматбаланд муроҷиат карда, онҳоро даъват намуда будам, ки фитри рӯзаи худро ҷиҳати харидории лампаҳои каммасраф барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сарф намоянд. Ин кӯмаки онҳо дар баробари тадбирҳои андешидаистодаи Ҳукумат имкон медиҳад, ки ҳам оилаҳои камбизоат дастгирӣ ёбанд ва ҳам аз ҳисоби сарфаи барқ мардум  дар давраи зимистон камтар танқисӣ кашанд. 
Вобаста ба мавзӯи иншооти имрӯза мехоҳам як нуктаро хотирнишон намоям, ки сохтани масҷид, албатта, кори савоб аст, агар ба ин кор зарурат бошад. Аз ин рӯ, шахсоне, ки имконият доранд, метавонанд мактаб ё синфхонаҳои иловагӣ созанд, то фарзандони мардуми мо хонанду босавод шаванд. Чунин шахсон метавонанд ҳамчунин дар таъмири мактабҳои мавҷуда, беморхонаву роҳҳо ва дигар корҳои хайр саҳм гузошта, соҳиби савоби зиёд гарданд.
Дар охир, бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин масҷиди ҷомеъ саҳм гузошта, беҳтарин анъанаҳои меъмории миллии тоҷиконро эҳё кардаанд, изҳори сипос менамоям. Ва ба ифтихори ҷашни 1310-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит пешниҳод менамоям, ки масҷиди имрӯза – масҷиди ҷомеи Имоми Аъзам номгузорӣ шавад.
Умед дорам, ки ин ҷои муқаддас бо иноят ва лутфу карами Парвардигор ба як ниҳоди инсонпарвар ва мактаби одаму одамгарии  мардуми меҳмоннавози ноҳияи Ҳисор табдил хоҳад ёфт. Худованд дарси одобу ахлоқ, инчунин тоату ибодат ва дуову дуруди шуморо дар ин хонаи худаш мустаҷоб гардонад! 
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2855
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед