ҳуқуқ
МАВОДИ МУХАДДИР. ПЕШГИРИИ ИНТИҚОЛ ВА МАРГИ ЯК ҶИНОЯТПЕША ДАР САРҲАД
Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як амалиёти муштарак бо кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз вуруди ғайриқонунии қочоқчиёни мусаллаҳ ба хоки Тоҷикистон ва кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карданд.
Бино ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, роҳбари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, амалиёт рӯзи 11 январ дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» сурат гирифта, ҳангоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омадааст. Қочоқбарон, ки ба амри марзбонони тоҷик итоат накарда, вориди диргирӣ шуданд, дар натиҷаи муқовимат як узви гурӯҳи худро талаф дода, ба ҷониби Афғонистон паноҳ бурданд.
Манбаъ мегӯяд, ки баъд аз фирори қочоқчиён ба Афғонистон аз ҷойи ҳодиса тақрибан 32 килограмм маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Даргирӣ бо қочоқбарони мусаллаҳ дар соли 2018 бори аввал буда, соли 2017 ҳангоми пешгирии убури ғайриқонунӣ ва кӯшиши интиқоли маводи нашъаовар дар марз 31 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст. Дар натиҷа 18 қочоқбар нобуд ва 20 нафари дигар дастгир шуд. Дар ин давра марзбонони тоҷик дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии кишвар аз қочоқчиён 1 740 килограмму 335 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира намуданд, ки метавонист, ҷони ҳазорон нафарро дар хатар гузорад.
Ф. ҶУМЪАЕВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.2018 №: 12-13 Мутолиа карданд: 1277