маориф
25 номгӯй китоби дарсӣ ба табъ расид
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳор дошт, ки дар оғози соли хониш дар муассисаҳои таълимӣ 4713 нафар омӯзгор намерасид. Бо андешидани чораҳои мушаххас ҳоло нарасидани омӯзгорон 1141 нафарро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки аз рӯйи 4 ихтисос мутахассис омода мекунад, таъсис ёфт. Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун низ ба фаъолият шурӯъ кард ва дар солҳои хониши 2009-2010 ба коллеҷи мазкур аз рӯйи 6 ихтисос 150 ҷой ҷудо шуд.
Озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» сурат гирифт. Таҳлил сатҳи дониши аксарияти довталабонро хуб арзёбӣ намуд.
Дар нӯҳ моҳи соли 2009 аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи лоиҳаи ислоҳоти системаи маориф 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 1011858 нусха ва 10 номгӯй мавод, дастур ва барномаҳои таълимӣ бо теъдоди 72000 нусха аз нашр баромад.
Вазорати маориф 19 номгӯй китоби дарсӣ ва маводи таълимиро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва 12 номгӯй китоби дарсиро ба Ҷумҳурии Қазоқистон ройгон фиристод.
Маҳмуд УСМОНОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5620