маориф
КОМЁБИҲОИ ЯК ГИМНАЗИЯ
Яке аз муассисаҳои муваффақи таълимӣ гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамӣ мебошад, ки бо ташаббус ва дуои неки Пешвои муаззами миллат дар ба рӯи хонандагон боз намудааст. Ин аст, ки шогирдони ин даргоҳи маърифат доимо кӯшиш менамоянд, ки сазовори боварӣ бошанд.
Роҳбарият ва аҳли омӯзгорон баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши толибилмон ва пешрафти таълиму тарбияи шогирдон таъсири мусбат мерасонанд. Ҳамасола хатмкунандагони гимназия дар ҳудуди 90 – 100 дарсад ба донишгоҳҳои олии кишвар ва хориҷ аз он дохил мешаванд. Аз ҷумла, соли гузашта тавассути имтиҳоноти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар аз хонандагони муассиса ба факултаҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил гардиданд.
Айни замон 15 хатмкардаи гимназия дар донишкадаҳои олии хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар Русия, Амрико ва Англияю Олмон таҳсил доранд. Бояд гуфт, ки аз зумраи хатмкардагони таълимгоҳ се олими ҷавон – номзади илмҳои физика ва математика Маҳмадсалим Абдукаримов, номзадҳои илмҳои иқтисодӣ Баҳром Тағоев ва Фарҳод Қодиров устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.
Тайи чанд соли охир хонандагони гимназия дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, ғолибият ба даст меоранд. Муслим Абдукаримов, Сӯҳроб Табаров, Мадина Неъматова, Сиёвуш Қодиров, Ашӯралӣ Касиров, Шаҳриёр Ҷабборов ва дигарон аз ҷумлаи онҳоеанд, ки дар чунин озмунҳо - олимпиадаҳо ширкат варзида, аз фанҳои математика, химия, забонҳои русӣ ва хориҷӣ ғолиб омадаанд. Дар шаш соли охир қариб 35 нафар хонандагони таълимгоҳ дар олимпиадаҳои фосилавии байналмилалӣ пирӯз ва бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Соли таҳсили сипаришуда аз 68 нафар хатмкунанда ҳамагӣ ба муассисаҳои олӣ, аз ҷумла 21 нафарашон ба донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ шомил гардиданд. Боиси ифтихору шодмонист, ки хонандаи синфи 11 Ҳадятулло Азимзода дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб дониста шуда, гимназияро бо медали нуқра ва аттестати аъло хатм кард.
Ҳамин тавр, сол то сол хонандагони лаёқатманду боистеъдод, навовару эҷодкор дар гимназия афзун мешаванд. Хонандагони ин даргоҳи илму дониш тавассути омӯзиши техникаву технологияи муосир ба кашфиёту эҷодкорӣ ва навоварӣ дар риштаҳои мухталифи илм даст мезананд ва комёб мегарданд.
Маъмурияти гимназия дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тақвияти сифати таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон, таҳкими худомӯзии омӯзгорон, дуруст ба роҳ мондани назорати дохилимактабӣ ҳамеша чораандешӣ менамояд.
Саидакрам АКРАМОВ,
муовини директори гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.01.2018 №: 14 Мутолиа карданд: 1280