барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН
18 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Хабари оташ гирифтани автобуси мусофирбарро дар вилояти Актюбински Ҷумҳурии Қазоқистон, ки мӯҷиби ҳалокати 52 нафар гардид, бо андуҳи гарон дарёфтам.
Аз Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович хоҳиш менамоям, ки изҳори тасаллият ва ҳамдардии моро аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин, хоҳони шифои комилро ба осебдидагони ин фоҷиа расонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.01.2018 №: 15 Мутолиа карданд: 1396