маориф
ТАКМИЛИ ИХТИСОС. ТАШАББУСИ ОЯНДАСОЗИ ВАЗОРАТ
Курсҳои такмили ихтисоси салоҳиятнокӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳала оғоз ёфта, зиёда аз 31 ҳазор нафар омӯзгорро фаро гирифт.
Ҳоло дар тамоми ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишӣ оид ба ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият дар таълими як қатор фанҳо шурӯъ шудаанд. Бино ба иттилои сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Алиев, иқдоми мазкур дар доираи барномаи «Дастгирии таҳсилоти босифат» - и Иттиҳоди Аврупо дар тамоми ҷумҳурӣ дар се марҳала мегузарад.
Курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони фанҳои физика, химия, биология, география ва технологияи инфарматсионӣ пешбинӣ шудааст. Нахуст 250 нафар муррабиёни маҳаллӣ тайёр карда шуданд ва ҳоло онҳо дар тамоми марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълими омӯзгорони фанҳои зикршуда машғуланд.
А. Алиев изҳор намуд, ки барои зудтару бештар омӯзондани муаллимон замони гузарондани курсҳоро дар вақти истироҳати зимистонаи хонандагон мувофиқ кунондем, ки ба раванди таълиму тарбия халал нарасонанд. Ба омӯзгорон ҳамчун дастури методӣ намунаи (модули) «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ ва технологияи информатсионӣ» пешниҳод гардидааст.
Бояд қайд кард, ки таълими муносибати босалоҳият дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф гузаронда шуда истодааст. Аз оғози соли таҳсили 2017 - 2018 таълими фанҳои забони тоҷикӣ ва математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон бо ин усул ба роҳ монда шуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.01.2018 №: 16 Мутолиа карданд: 1324