logo

мулоқотҳо

Пер Стиг Меллер: «Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мавқеи калидӣ дорад»

8 октябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Дания Пер Стиг Меллерро ба ҳузур      пазируфт.
Дар сӯҳбат масоили ҳамкории Тоҷикистон бо  Дания ва дар маҷмӯъ бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.   

«Таҳкими равобит бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои муҳим ва стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва мо омодаем бо давлатҳои узви Иттиҳод, аз ҷумла бо Дания робитаҳои гуногунҷанба дошта бошем», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон.
«Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат мавқеи калидӣ дорад ва мо ба вусъати ҳамкорӣ бо он манфиатдорем», -  посух дод вазири корҳои хориҷии Дания Пер Стиг Меллер.
Масоили вобаста ба пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, ки моҳи декабри соли равон дар як конфронси ҷаҳонии сатҳи олӣ дар пойтахти Дания -шаҳри Копенҳаген баррасӣ мешаванд, мавзӯи асосии сӯҳбат буд.
Пер Стиг Меллер иттилоъ дод, ки дар Копенҳаген яке аз ҳамоишҳои Конфронси ҷаҳонии иқлим ба мавзӯи пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо бахшида мешавад, ки барои Тоҷикистон низ бисёр муҳим аст.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили амнияту субот ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон сурат гирифт. Мусоидат ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа аз роҳҳои асосии таҳкиму густариши муносибатҳои судманд маънидод гардид. Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ ва саноатии Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти калони минтақавӣ мебошанд, зоҳир шуд.
Вазири корҳои хориҷии Дания аз мавқеи Тоҷикистон оид ба масоили амнияту субот, ҳалли мушкилоти вобаста ба гармшавии иқлим, дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва дигар масоили ҳалталаби минтақавию ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии кишвари худро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла иқтисодӣ бо кишвари мо  таъкид намуд.
Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли равон дар Дания бояд Созишномаи ҷаҳонии Копенҳаген ба имзо расад ва он аз соли 2012 ба баъд ба ҷойи Протоколи Киото оид ба пешгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра, ки мӯҳлаташ ба охир мерасад, фаъолият хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2088
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед