ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ПАЙРАВИ "САЛАФИЯ". Боздошт дар Кобул, ҳукм дар Душанбе
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Ҷ.Ҳасановро барои пайравӣ ба равияи экстремистии «Салафия» гунаҳкор дониста, 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ, бо моддаи 3073 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бар асоси ҳукми додгоҳ Ҷ. Ҳасанов муҳлати адои ҷазоро дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиллоъ медиҳад, Ҷ. Ҳасанов ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарордоштанаш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия тавассути шабакаи интернетии «Зелло» бо «Абдулло» ном тарафдори ин равия шинос ва зери таъсири тарғиби ӯ ба ақидаҳои «Салафия» мегаравад.
Номбурда бо мақсади шомил шудан ба равияи «Салафия» 21 майи соли 2017 тавассути хатсайри Маскав - Теҳрон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, сипас ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон меравад. Вале дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои муштарак дар шаҳри Кобул дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод мешавад.
ДУЗДӢ. Марде барои ғорати хонаи собиқ ҳамсараш боздошт шуд
Як сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ки аз ӯ марди 59 - сола ном бурда мешавад, ба гумони дуздӣ ва ё ғорати хонаи собиқ ҳамсараш дастгир шуд. Боздошти ӯ аз ҷониби кормандони милитсия дар пайи муроҷиати зани 39 - сола ва ҳамсари собиқи гумонбар ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон сурат гирифтааст.
Ба навиштаи сомонаи ВКД, ин зан моҳи январи соли ҷорӣ ба мақомоти милитсия арз кардааст, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, ашёи рӯзгор, ҷамъ ба маблағи 20000 сомониро дуздидаанд.
Гумонбар ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дастгир ва нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2018 №: 20 Мутолиа карданд: 1148