logo

илм

АДАБИЁТЕ, КИ БОРИ ИЛМ МЕКАШАД Ё ДАР БОРАИ ПАРВАРИШИ ҶАНИНИ ИНСОН БЕРУН АЗ РАҲМИ МОДАР

Дар асри XX пажӯҳишҳо доир ба усулҳои дахолати инсон ба раванди пайдоиши одам на танҳо дар раҳми модару дар шароити  лабораторӣ дар нақшаҳои назариявӣ, балки амалан низ хеле пеш рафтаанд. Яке аз чунин василаҳо, ин пайдоиш ва рушди ҷанини инсон дар найчашиша (инкубатор) мебошад. Чунин усул дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ ҷараён дорад.

Ҳамзамон савол ба миён меояд, ки дар кадом вақту замон ақидаи парвариши кӯдак дар найчашиша пайдо шудааст.      
Тадқиқотҳои чандин каратаи яке аз асосгузорони илми демографияи тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор С.И. Исломов ба кашфиёти зарур ва аҳамиятнок оварда расондаанд.  Ақидаи таъмини парвариши ҷанин дар найчашиша зиёда аз 500 сол пеш аз ин ба миён омадааст ва муаллифи он мутафаккиру классики адабиёти форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ  мебошад.
Ҷомӣ дар 73 - солагӣ достони машҳури худро бо номи «Саломон ва Абсол» эҷод карда, дар он маҳз технологияи парвариши ҷанини инсонро дар найчашиша тасвир менамояд. Асоси ҳикоя ин аст, ки яке аз подшоҳони Юнони  қадим фарзанд надошт ва дар пиронсолагӣ ба қароре омад, ки бояд фарзанддор шавад. Ӯ, ки дар ҳаёт ба ғайр аз фарзанд, ҳама чизро дошт, ин ғаму ғуссаи худро ба одами хирадманд ва устоду падари маънавии худ нақл кард.  Хирадманд баъд аз ҷустуҷӯйҳои зиёд, ба подшоҳ ақидаи парвариши ҷанинро бе иштироки зан пешниҳод намуд ва чунин фикри ғайримуқаррарӣ боиси ҳайрати ҳамагон гашт.
Шоир андешаҳои худро  дар асари зикршуда чунин ифода менамояд:
…Сохт тадбире  ба дониш  к-андар  он,
Монд  ҳайрон фикрати  донишварон.
Нутфаро  бешаҳват  аз  сулбаш  кушод,
Дар  маҳалле  ҷуз  раҳим  ором  дод.
Баъди  нуҳ  маҳ  гашт  пайдо з-он  маҳал,
Кӯдаки  бе  айбу тифли  бехалал.
Солим  аз  офат  тану андоми  ӯ,
З-осмон  омад  Саломон  номи  ӯ.
Зиёда аз 1000 сол пеш аз давраи ҳаёти Ҷомӣ низ мутафаккирони бузург дар соҳаи илми тиб, биология, философия, антропология пажӯҳишҳои зиёд бурда буданд. Бинобар ин, тасдиқ кардан мумкин аст, ки қувваи фикрию зеҳнии чунин доҳиён метавонист эҳтимолияти ба миён овардан ва парвариши  одамро дар таҷриба ҳам бисанҷад. Шояд чунин таҷриба дар шароити махфӣ  гузаронда шуда буд ва ё доир ба ин мавзӯъ дар байни олимону мутафаккирони он давра  суҳбату музокираҳо барпо гардида буданд,  аммо  муҳити онҳо шояд чунин навгониҳоро пазируфта наметавонист. Масалан, дар замоне ки Ҷомӣ ҳаёт ба сар бурдааст, бавижа дар Шарқ ақидаи парвариши ҷанин дар шароити сунъӣ, на танҳо қабул, балки ба забон ҳам овардан хатар дошт.
Дар маҷмӯъ, хулоса баровардан мумкин аст, ки чунин ҷасурона тасвир кардани вазъият оид ба «парвариши инсон дар найчашиша», воқеаи азимтарин дар  он давру замон ба ҳисоб  меравад.   
Дар ҳамин радиф соли 1978 олими эмбриологи англис Роберт Эдвартс    аввалин маротиба кашфиёти ҷаҳониро оид ба  парвариши ҷанин ба таври сунъӣ гузаронд.  Вай парвариши кӯдакро дар найчашиша амалӣ кард ва аз он ҷисми инсон пайдо шуд. Номи ӯ Луиза Браун мебошад ва ӯ айни замон фарзанддор аст. Барои ин кашфиёт, олими англис Роберт Эдвартс соли 2010 ба ҷоизаи Нобел сарфароз  гардид.
Ҳамин тариқ, баъд аз гузашти зиёда аз панҷ аср, ақидаи Мавлоно Ҷомӣ дар ҳаёти инсоният амалӣ гашт.  Ғояи беназири ӯ дар ин маврид аз ҳама ҷоизаҳо болост ва ифтихормандем, ки ворисони  чунин бузургонем.
Дар қаламрави собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин кӯдак ба таври сунъӣ моҳи феврали соли 1986 дар Маркази нигоҳбонии саломатии модар ва кӯдаки шаҳри Москва ба дунё омад.
Айни замон, дар ҷаҳон зиёда аз 6 миллион, аз ҷумла дар Тоҷикистон бештар аз 200 кӯдак, ки бо ин усул ба дунё омад, зиндагӣ мекунад ва ба ҳаёти онҳо хатаре вуҷуд надорад. Онҳо худашон низ метавонанд фарзанддор бошанд ва аз ҳаёт баҳравар гарданд.
Бо назардошти фикру андешаҳои дар боло зикршуда хулоса кардан мумкин аст, ки то ҳол адабиёти классикии форсу тоҷик аз ҷиҳати гузарондани кашфиёт ва ақидаҳои демографӣ, амиқ омӯхта нашудааст. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд равияи нави таҳқиқоти илмии адабиёт, бавижа «Адабиёти классикии форсу тоҷик ва рушди рафтори демографии  аҳолӣ» - ро бо мақсади пешрафти илми Тоҷикистон ташкил намоем.
А. БОБОЕВ, номзади илмҳои иқтисод,
Ҳ. НОРҚУЛОВ, номзади илмҳои тиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2018    №: 20    Мутолиа карданд: 17557
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед