logo

туризм

БРИАН МУЛЛИС: “ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ АФСОНАВИСТ”

Тоҷикистони биҳиштосо бо табиати нотакрор ва мавзеъҳои дилфиребаш қалбҳоро тасхир кардааст. Ин аст, ки таваҷҷуҳи коршиносони байналмилалӣ ба омӯзиши захираҳои туристии мамлакат зиёд мегардад. Бо мақсади омӯхтани имкониятҳои туризми мамлакат ва муайян кардани дурнамои рушди он коршиноси варзидаи экотуризми байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Бриан Муллис моҳи октябри соли 2017 аз минтақаҳои гуногуни кишвар дидан намуд. Бо мавсуф ҳамсуҳбат шудем, то ки андешаҳояшро дар бораи туризми Тоҷикистон иброз намояд:
- Дар даҳсолаи оянда туризм ба яке аз соҳаҳои авлавиятноки иқтисоди миллии кишварҳои ҷаҳон  табдил меёбад. Ҳамин аст, ки дар саросари олам ҳамасола шумораи сайёҳон меафзояд. Дар ин радиф, барои Тоҷикистон низ туризм яке аз самтҳои афзалиятноки дурнамои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ ба шумор меравад ва бо таъсиси ҷойҳои кории нав метавонад дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд. Тӯли 8 рӯзи дар гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистон будан, бори дигар итминон ҳосил кардам, ки кишвари шумо афсонавист  ва бо мероси ғании таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои истироҳатию рекреатсионӣ ва захираҳои бойи табиӣ барои рушду равнақи ин соҳаи ояндадор иқтидори бузург дорад. Урфу одат, анъанаҳои қадима ва меҳмоннавозии самимии мардуми тоҷик барои сайёҳон мароқангез аст.
Хурсандиовар аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари сайёҳон як қатор тадбирҳо андешидааст. Аз ҷумла, озод гаштани ширкатҳои туристӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида далели ин гуфтаҳост ва бе шакку шубҳа, баҳри рушду равнақи соҳаи сайёҳӣ   самараи дилхоҳ ба бор хоҳад овард. Дар баробари ин, моҳи сентябри соли 2017 Тоҷикистон ва 155 давлати аъзои Созмони ҷаҳонии туризм “Эъломияи Ченгду” - ро қабул карданд, ки он нақш ва саҳми босазои соҳаи сайёҳиро бо назардошти ҳадафҳои рушди устувор муайян менамояд.
Шоистаи зикр аст, ки Тоҷикистон барои равнақи туризми экологӣ иқтидори фаровон дорад. Зеро аз ҷиҳати захираҳои экотуристӣ Тоҷикистон аз ҷумлаи минтақаҳои ояндадори Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Махсусан, кӯҳҳои осмонбӯси Помир касро мафтун месозад. Ба ҷуз ин, дар дарёҳои Тоҷикистон имконияти хуби ташкил кардани туризми обӣ ё ин ки рафтинг мавҷуд аст. Тоҷикистон барои ба роҳ мондани намудҳои гуногуни туризми экстремалӣ низ мувофиқ мебошад. Рушди устувори ин бахшҳо тақозо менамояд, ки мақомоти маҳаллӣ, созмонҳо, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоя барои беҳбудии фазои сайёҳӣ дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ҳақиқат Тоҷикистон ганҷинаи кашфношуда аст ва бо муҳайё намудани инфрасохтори зарурию пешниҳоди хизматрасонии босифат метавонад дар бозори байналмилалии сайёҳӣ мақоми арзандаро касб намояд. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф таҳияи стратегияе, ки рушди минбаъдаи соҳаро муайян намояд, муҳим мебошад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2018    №: 20    Мутолиа карданд: 1447
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед