ҳуқуқ
ХАТЛОН. МАҚОМДОРОН ҲАНӮЗ АЗ ЗАМИНФУРӮШӢ ДАСТ НАБАРДОШТААНД!
Прокуратураи вилояти Хатлон соли гузашта ба 160 қарори раисони шаҳру навоҳии вилоят эътироз овард, ки аз он 90 дарсад ба замин рабт дорад.
Ба иттилои Насрулло Маҳмудзода, прокурори вилояти Хатлон, 55 дарсади эътирозҳо аз болои қарорҳои раисони амалкунанда сурат гирифтанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки минбаъд он нафароне, ки лоиҳаи қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳоро дидаю дониста нодуруст омода мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Лоиҳаи қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо дар асоси хулосаҳои ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, ба мисли идораҳои замин, меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳия мегарданд. Дар гузашта, масъулони ин ниҳодҳо барои чунин камбудиҳо танҳо ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида мешуданд ва ё аз вазифа озод мегардиданд.
Ба гуфтаи манбаъ, соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани 106 санҷиши прокурорӣ 2 ҳазору 165 қонуншикании марбут ба замин ошкор шудааст. Ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо 612 санадҳои прокурорӣ бароварда шуда, 1 ҳазору 309 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуд. Дар робита ба ғайриқонунӣ ҷудо ва худсарона ишғол кардани замин ва дигар ҷиноятҳо 272 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Аз ҷумла, 59 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахсони мансабдор бо шумули раисони идораҳои замин ва зердастони онҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳо оғоз шудааст.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2018 №: 20 Мутолиа карданд: 1217