номаҳо
СОКИНИ ПОЙТАХТ НИЗ МАСЪУЛИЯТ ДОРАД
Барои мо – сокинони шаҳри азизамон навкориҳову ташаббусҳои беназири шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ хеле равшану назаррасанд. Бунёди биноҳои баланди муосир, мумфаршгардонии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, сохтмони бозорҳои наву варзишгоҳҳои муосиру муҷаҳҳаз, тармими хонаҳо ва бахусус эҳёву бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ҳар як сокину меҳмони пойтахтро болидарӯҳ мегардонад. Бештар аз 35 сол аст, ки дар ин шаҳри дилоро таҳсил кардаму зиндагӣ дорам, соҳиби фарзанду набера гашта, ҳоло ҳам ба шогирдонам аз фанни «забон ва адабиёти тоҷик» таълим медиҳам. Дар ҳақиқат, ориёишаҳри мо - Душанбе бо талошҳою заҳмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва навовариҳои шаҳрдори ҷавону маҳбуб Рустами Эмомалӣ симои нав мегирад ва ба шаҳри нуру сафо, меҳру муҳаббату ишқу садоқат табдил мегардад.
Дили кас мехоҳад, ки дар ин боғу хиёбонҳои гулрез шабу рӯз сайр кунад, фароғат намояду ҳаловат барад. Дар баробари ин, ҳар яки мо бояд кӯшиш намоем, то бо унвони сокини пойтахт сазовор бошем. Хатое ё норасоиро агар дар назди манзил ва кӯча дидем, пайи ислоҳаш кӯшем, аз ҷониби худ дар ҳалли ин масъала ташаббус нишон диҳем.
Душанбе – пойтахти кишвари азизамон маҳсуб мешавад ва муаррифгари дастовардҳои беназири мост. Ҳар меҳмони хориҷӣ пойтахти Тоҷикистони азизро дида, ба мо ва фарҳангу тамаддуни миллатамон баҳо медиҳад. Маҳз аз ҳамин хотир ҳар яки мо бояд дарк ва эҳсос намоем, ки дар сарсабзии ҳамешагии Душанбе – хонаи орзуву ормонҳоямон масъулем.
Ҷамила РУСТАМОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии № 29 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2018 №: 22 Мутолиа карданд: 1568