барқияҳо
БАРҚИЯҲОИ ТАСАЛЛИЯТ
26 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ҳузнангези ҷон бохтан ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандон бар асари сар задани сӯхтор дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Миряни Ҷумҳурии Корея боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин фоҷиаи ғамангез ҳамдардиву тасаллияти самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем».
* * *
27 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷалолатмаоб!
Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи марговари ифротиён дар шаҳри Кобул боиси андуҳи беандозаи мо гардид.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2018 №: 22 Мутолиа карданд: 1589