озмунҳо
ОЗМУН
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ОЗМУН ЭЪЛОН менамояд.
Дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.
Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд.
Озмун аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад.
Мукофотҳо:
Барои ҷойи аввал – 5000 сомонӣ.
Барои ҷойи дуюм – 3000 сомонӣ.
Барои ҷойи сеюм – 1500 сомонӣ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2018 №: 22 Мутолиа карданд: 21014