барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
29 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа ибни Зоид оли Наҳён барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат!
Хабари реҳлати модари бузургворатон боиси ғаму андуҳи мо гардид.
Дар робита ба ин талафоти гарон ба Аълоҳазрат ва ба ҳамаи наздикон ва пайвандони Шумо таъзияву тасаллияти амиқи худро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил масъалат дорам.
Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2018 №: 23 Мутолиа карданд: 1882