барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА МИЛОШ ЗЕМАН
29 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Чехия ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти хешро иброз менамоям.
Тоҷикистон ва Чехия бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ - ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар - то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда, пеш бурда истодаанд.
Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушду тавсеаи бемайлони робитаҳои гуногунарсаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.
Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамшарикии кишварҳоямонро боз ҳам таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу дар масири иҷрои рисолати хеш комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Чехия сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2018 №: 23 Мутолиа карданд: 2031