маориф
ТАЪЛИМ. НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала диққати аввалиндараҷа медиҳанд ва борҳо таъкид ҳам карданд, ки «омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад». Чаро? Чунки «тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Бо чунин таъкид ва роҳнамоӣ дастур доданд, ки маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон боз ҳам баланд бардошта шавад. Аз ин хотир, бозомӯзӣ намоянд, аз курсҳои такмили ихтисос бигзаранд, забонҳоро омӯзанд ва бо технологияҳои муосир ҳатман ошноӣ дошта бошанд.
Такмили ихтисоси мо - гурӯҳи омӯзгорон ҷиҳати азхудкунии кор бо технологияҳои муосири таълим дар ҳамин асос ба роҳ монда шуд. Курсҳои омӯзишӣ самаранокии касбият ва сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ марҳила ба марҳила баланд бардошта истодаанд.
Пайваста мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои таҳсилот ба фазои ягонаи ҷаҳонӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим, махсусан кор бо тахтаи электронӣ ва омӯзиши забонҳо, аз ҷумлаи онҳоанд, ки барои пешрафти мо – омӯзгорон хеле саривақтист. Зеро, оғоз аз соли 2018 бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷараёни таъминсозии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизот ва технологияҳои муосири таълимӣ бояд беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.
Бояд, гуфт, ки барои омӯзондани муаллимон замони баргузории курсҳо дар вақти истироҳати зимистонаи хонандагон мувофиқ кунонда шуд.
Албатта, мақсад аз ин ҳама тарбияи наслест, ки дар баробари доштани дониши муосир бояд, ки дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ба воя бирасад. Аз ин лиҳоз, мо - омӯзгорон кӯшиш менамоем, ки бо баланд бардоштани касбият ва малакаю маҳорати педагогии хеш дар пешрафти насли ҷавони ояндасози Ватани азизамон саҳми арзанда гузошта бошем.
Рӯҳафзо МИРАКОВА,
Фарзиямо АБДУМАМАДОВА,
омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2018 №: 24 Мутолиа карданд: 1168