ҳуқуқ
ГУМРУК. МУСОДИРАИ 816 КИТОБИ ШУБҲАНОК
Кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли гузашта дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён чор ҳолати ғайриқонунии воридоту содироти китобҳои гуногунро пешгирӣ карданд.
Ҳамин тариқ, зимни азназаргузаронии гумрукӣ аз бордони автомашинаи рақами қайди давлатиаш 9259 ЕА02 мансуб ба Абдулбоқӣ Назриев, сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, аз миёни асбобҳои рӯзгори истифодашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ 12 китоби мазмуни динидоштаи чопи Федератсияи Русия дарёфт гардид.
Тибқи хулосаи коршиносони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи китобҳои мазкур бинобар сабаби мутобиқат накардан ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва надоштани иҷозати ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ мебошад.
Аз дохили бағоҷи дастии Абдулоев Ҳаким, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, чор китоби гуногуни шубҳанок дарёфт гардид. Ӯ мехост, ки ин китобҳоро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид созад. Тибқи хулосаи коршиносон, яке аз ин китобҳо «Канз-ул-Ҳусайн» аст, ки амалҳои сеҳру ҷодуро меомӯзонад.
Пас аз ирсоли парванда ба суди ноҳияи Ҷайҳун ин нафар тибқи моддаи 579-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 750 сомонӣ ҷарима ва китобҳо мусодира шуданд.
Ҳангоми гузарондани муоинаи гумрукии автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»-и рақами қайди давлатиаш ТҶ 80 37 СТ01, ронандааш шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазоргул Ҷамагул, аз болои халтаҳои семент аз дохили 6 халта 200 китоби гуногуни дорои мазмуни тундгароӣ дарёфт шуд.
Дар робита ба ҳолатҳои зикршуда дар асоси моддаи 579 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоҳидагӣ парвандаҳо оғоз ва ба судҳо ирсол шудаанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2018 №: 24 Мутолиа карданд: 1221