ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ПАЁМАДИ ГУМРОҲӢ ё марг ё зиндон…
Қасди шомил шудан ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ва иштирок дар амалиётҳои ҷангии қаламрави дигар давлатҳо шаҳрвандон И. Сафоев, М. Шарипов ва Қ. Зокировро дар маҷмӯъ 38 солу 6 моҳ пушти панҷара бурд.
И.Сафоев, ки бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд, замони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, тариқи интернет ба гурӯҳи «Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ» пайваст шуда, зери таъсири таблиғи аъзои иттиҳоди террористии ба ном «Давлатӣ исломӣ» қарор мегирад. Дар ниҳоят 10 апрели соли 2017 бо даъвату маблағгузории «Алишер» ном шахси ба тафтишот номаълум барои шомил шудан ба ин гурӯҳ ва иштирок дар ҷангҳои Сурия тавассути хатсайри Москва – Алма-Ато - Истамбул ба Ҷумҳурии Туркия парвоз мекунад. Номбурда, дар ҳоле ки мехост аз Туркия ба Сурия равад, дар шаҳри Истамбул боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Бар пояи иттилои сомонаи Прокуратураи генералӣ, М.Шарипов ва Қ.Зокиров низ бо ҳамин айб гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 13 солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.
14 СОЛИ ҲАБС
Муҷозоти боз як заминфурӯш дар ноҳияи Рӯдакӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ заминсози Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳия Т. Сироҷовро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста, ӯро 14 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Т. Сироҷов бо истифода аз ваколати мансабӣ моҳҳои март, апрели соли 2014, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ Ш. Комилов барои ҷудо намудани қитъаи замини хоҷагии деҳқонии “Нуриддин” - и ҳамин ҷамоат бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Ш. Алиев 20000 доллари амрикоӣ гирифтааст. Ӯ бо истифода аз техникаи компютерӣ қарорҳои баръало қалбакӣ тайёр намуда, ба Ш. Алиев аз ҳудуди хоҷагии номбурда 1,30 гектар замини корами обиро ғайриқонунӣ ҷудо намудааст.
Бар пояи ҳукми суд, ҳамчунин, Т. Сироҷов аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ба муҳлати панҷ сол маҳрум гардида, аз ҳисоби ӯ зарари расондашуда дар ҳаҷми 20000 доллари амрикоӣ ба фоидаи давлат рӯёнда шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2018 №: 24 Мутолиа карданд: 1062