маориф
МАОРИФ. ХИШТИ АВВАЛРО КАҶ НАНИҲЕМ!
Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Аз Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар маълум аст, ки Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф чун ҳарвақта таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ҳақиқат маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Ба рушду нумуи он, бахусус муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ диққати ҳамешагӣ зоҳир мегардад.
Ин муносибат омӯзгоронро водор месозад, ки неруи зеҳнии худро дар роҳи таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли наврас равона созанд.
Масъалаи баланд бардоштани сифати таълим, хосса дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, аз масъалаҳои муҳиму асосии соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Ба ин хотир, ба ташаккулу инкишофи тафаккури кӯдак маҳз дар ин давра масъулон аҳамияти махсус медиҳанд. Ба масал ин ниҳолон ба тарбия ва ғамхории боғбон бештар ниёз доранд.
Таҳкурсии саводи хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад. Аз ин рӯ, дар мактаб ба фаъолияти муаллимони ин зина аҳамияти бештар медиҳанд.
Албатта, вазифаи ҳар омӯзгор, пеш аз ҳама, бо фаъолияти дурусту пурсамар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мебошад. Агар ин масъулият эҳсос нагардад, умед ба пешрафти соҳа намемонад ва ҳам дурри мақсуд ба даст намеояд. Омӯзгор дар назди Ватан ва ҷомеа масъул аст, ки ба навомӯзон дониш бидиҳад ва дар тарбияи дурусти онҳо саҳм бигирад.
Ба шарофати таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм муассисаи таълимии мо сол то сол муҷаҳҳазтар шуда, шароити мусоиду муосир ва муҳити орому созгор барои донишандӯзии шогирдон муҳайё мегардад. Миёни аҳли омӯзгорон истифода аз роҳу усулҳои нав, воситаҳои таълимии техникӣ ва дастурҳои омӯзишӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Чанд соли охир хонандагони мактаби мо дар ҳамаи намуди олимпиадаҳо фаъолона иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.
Омӯзгорони мо ба хатмкунандагон дар интихоби ихтисос ва касбу ҳунари онҳо ҳамаҷониба ёрӣ мерасонанд. Паёми Президенти мамлакат мо - муаллимонро вазифадор месозад, ки барои татбиқи чунин сиёсати хирадмандона дастаҷамъона фаъолият намуда, дар рушди соҳа нақши назаррас гузорем.
Мукаррама ИСМОИЛОВА,
омӯзгори МТМУ № 51, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2018 №: 24 Мутолиа карданд: 1419