мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПИЕТРО САЛИНИ
31 январ дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор намуда, таъмини иҷрои нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун ширкати «Салини Импреҷило» баҳри татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.
Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин корпоратсияи байналмилалии сохтмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.02.2018 №: 25 Мутолиа карданд: 1398