мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Карим Оғохони IV
11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони IV - ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Оғохон оид ба рушд баррасӣ шуданд.
Карим Оғохони IV ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба боздиди худ аз шаҳри Хоруғ - маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода, дар маҷмӯъ аз натиҷаҳо ва рафти татбиқи барномаю лоиҳаҳои ҳамкории Созмони Оғохон оид ба рушд бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Карим Оғохони IV ҳавасмандии худро ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2082