порлумон
ПОРЛУМОН. БА ДУ ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД ШУД
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 7 феврал қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба тасвиб расонданд.
Абдуғаффор Раҳмонзода, вакили порлумон, зимни ташреҳи лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки он бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон бо мақсади аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ба лоиҳаи қонун, аз ҷумла вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ, ҳамчунин, оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ се моддаи нав ворид карда шудааст.
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.02.2018 №: 30 Мутолиа карданд: 5293