туризм
САЁҲАТИ ДОХИЛӢ МУҲАББАТ БА ВАТАНРО МЕАФЗОЯД
Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифат, меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотак-рор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, кӯҳҳои сар ба фалаки Ватани азизи мо, ки манбаи ташаккули захираҳои обӣ дар минтақаанд, кайҳо боз таваҷҷуҳи оламиён, аз ҷумла сайёҳону кӯҳнавардони хориҷиро ба худ ҷалб сохтаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор пиряхи хурду бузург воқеъ гардидааст, ки аз он 1085 адад дар ВМКБ буда, манбаи асосии обро ташкил медиҳанд. Дар кишвари мо қариб ду ҳазор кӯлу обанбор вуҷуд дорад, ки бузургтарини онҳо Қарокӯл, Сарез, Қайроққум, Норак, Яшилкӯл, Рангкӯл, Искандаркӯл, Сарбанд ба шумор мераванд. Беш аз 200 чашмаи обҳои маъданӣ мавҷуданд, ки бо хусусиятҳои хосси худ, аз ҷумла таркиби химиявӣ ва ҳарорат аз ҳам фарқ карда, аҳамияти муолиҷавӣ доранд. Муҳимтарини онҳо Хоҷа Обигарм дар ноҳияи Варзоб, Шоҳамбарӣ дар шаҳри Ҳисор, Аксиген дар шаҳри Ваҳдат, Бахмир ва Бахтиёр дар Помири Шарқӣ, Баршор дар Шуғнон, Гармоба дар ноҳияи Файзобод, Оби Шифо дар шаҳри Исфара мебошанд.
Ман зодаи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҳастам. Мутаассифона, то кунун, имкон нашудааст, ки аз ҳамаи минтақаҳои сайёҳӣ ва мавзеъҳои тамошобоби кишвар дидан намоям. Дар бораи манзараҳои зебову афсонавии Ватани азизамон, аз ҷумла кӯҳҳои барфпӯш, кӯлу обанборҳои мусаффо, водиву доманакӯҳҳои пургулу гиёҳ тавассути аксу наворҳо маълумот гирифтаам. Дар соли рушди сайёҳӣ орзу дорам, ки ёдгориҳои таърихии Аҷинатеппа, Тахти Қубод, Саразм, Ҳулбук, баҳрҳои Нораку Қайроққум ва Қарокӯлу Искандаркӯлро бо чашмони худ бубинам ва аз ҳавои онҳо нафас гирам.
Хуб мешуд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ сайёҳии дохилӣ низ рушд ёбаду ширкатҳое рӯи кор оянд, ки тавассути онҳо мо тавонем, хонандагонро низ ба ҷойҳои таърихиву манзараҳои ҷолиби табиати диёрамон барем. Бо ин роҳ, ба дили хонандагон муҳаббат ба Ватан ва сарзамини афсонавии худро ҷой намоем, ки он метавонад, ҳам дар тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва ҳам баланд бардоштани эҳсоси худшиносии насли наврас нақши амиқ гузорад.
Шарофат УРАЗОВА,
омӯзгори МТМУ №30, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.02.2018 №: 31 Мутолиа карданд: 1572