туризм
САЙЁҲӢ. ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РУШДИ ХИЗМАТРАСОНӢ
10 феврал дар меҳмонхонаи «Шератон» - и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Қадамҳои устувор дар рушди хизматрасониҳои сайёҳӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд.
Тавре Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, иттилоъ дод, то имрӯз барои дар сатҳи баланд гузарондани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳо ва рамзи сол аз ҷониби Пешвои муаззами миллат тасдиқ гардиданд. Зикр гашт, ки нақшаи чорабиниҳо аз 41 банд иборат буда, таҳия ва қабули Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018 - 2020, баргузории наздики 100 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Фестивали сайёҳии наврӯзӣ ва озмунҳои гуногунро дарбар мегирад.
Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гашт, ки то имрӯз Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки сарпарастии солро ба зимма дорад, як қатор тадбирҳоро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, якҷо бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайёҳон» зери бренди «Рахш такси» марҳилаи аввали Маркази хизмат- расонии нақлиётиро мавриди истифода қарор дод. Аҳамияти умдаи марказ дар он аст, ки сайёҳон аз хизматрасонии сифатноки нақлиётӣ бархӯрдор мегарданд. Инчунин, дар намои автомобилҳо манзараҳои ҷолиби кишвар тасвир шудаанд, ки онҳо захираҳои бойи туристии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи «Минтақаҳои Тоҷикистон» оғоз гардида, дар доираи он соли ҷорӣ дар шабакаи интернет сомонаи сайёҳии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия мешаванд. Айни замон намунаи сомонаҳои шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав омода шудаанд. Ин омил ҷиҳати муаррифии имкониятҳо ва дастрас намудани маълумоти саҳеҳу саривақтӣ барои сайёҳон ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори минтақаҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аз ҷониби кумита дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд вобаста ба таҳияи замимаҳои мобилӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаи интернет, аз ҷумла дар низоми интернетии Google, рушди тиҷоратикунонии соҳаи ҳунармандӣ ва таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ озмун эълон шудааст. Мақсад аз ин иқдом таъмини шароити мусоид барои мутахассисони ҷавон дар самти таҳияи лоиҳаҳо, кашфи ғояҳои инноватсионӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Инчунин, ҳангоми ҳамоиш технологияҳои муосири коммуникатсионии соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла харитаҳои электронии сайёҳӣ, маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва хизмат- расонии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, тарабхонаҳо, рӯнамоӣ шуд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ таҳия шудаанд.
Тазаккур дода шуд, ки маҳз тавассути роҳандозии тадбирҳои пайгиронаю босамар дар таблиғу ташвиқи захираҳои сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва экологии мамлакатамон шумораи сайёҳони хориҷӣ марҳила ба марҳила меафзояд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2018 №: 32 Мутолиа карданд: 1364