барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ВЛАДИМИР ПУТИН
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар вилояти Москва, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия гардид, бо андуҳи амиқ ва эҳсосоти дарду алам дарёфтам.
Дар робита ба ин талафоти вазнин ҳамдардӣ иброз намуда, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро изҳор менамоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2018 №: 32 Мутолиа карданд: 2259