ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Фарух Алибекзода, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Ман дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ иштирок намуда, соли 1993 ҷароҳат бардоштам. Ҳарчанд ду моҳ дар Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ маъмул бо Қарияи Болои шаҳри Душанбе табобат гирифтам, мутаассифона, ҳоло ҳам нишонаҳои ҷароҳат ё осори тир аз ҷисмам тоза нашудааст. Оё барои табобат ва барқарор кардани саломатӣ аз ягон имтиёз бархӯрдорам.
Ш. ҲАСАНОВ, сокини шаҳри Ҳисор
Мутобиқи моддаи 38 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.
Тибқи қоидаҳои ҳампардохти хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо фармоиши якҷояи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2014, таҳти № 938 - 135 тасдиқ шудааст, шаҳрвандоне, ки дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ иштирок намудаанд, ба номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд. Дар дигар ҳолат, шумо барои табобат ва барқарор кардани саломатӣ аз имтиёзи иловагӣ бархӯрдор нестед.
* * *
- Се фарзанд дорам ва дар як манзил зиндагӣ мекунем. Фарзанди хурдиам, мехоҳад манзили истиқоматиро ба номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳадия намоям. Оё дар сурати ин корро карданам, ҳуқуқи истифода аз манзили истиқоматӣ барои ду фарзанди дигарам маҳдуд намегардад?
АКБАР, сокини ноҳияи Вахш
Ҳамаи фарзандонатон ҳамчун аъзои оилаи шумо ҳуқуқи истифодаи ин манзилро доранд. Вале агар ба яке аз онҳо ҳуҷҷатгузорӣ кунед, минбаъд эҳтимоли дар байни онҳо пайдо шудани баҳс оид ба истифодаи манзил ба вуҷуд ояд. Яъне, фарзанде, ки ба номаш расман манзил ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, метавонад нисбат ба дигар бародаронаш оид ба истифодаи ин манзил шартҳои гуногун гузорад. Ин кор бояд бо маслиҳати шумо ва ҳамаи фарзандон сурат гирад. Агар ҳамаи фарзандонатон ба иродаи шумо ҷиҳати ба номи яке аз онҳо гузарондани манзил розӣ шаванд ва дастгирӣ кунанд, метавонед, ки ба номи яке аз фарзандатон номнавис кунед.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.02.2018 №: 33 Мутолиа карданд: 1207