logo

маориф

НОМАИ САОДАТОФАР

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастури раҳнамо ва номаи саодатофарин ба ҳаёти шоистаи халқи тоҷик ва ҳар як шаҳрванди  мамлакат мебошад. Ҷойгоҳи меҳварии Паёмро маҳз зиндагии арзандаи  халқ фаро гирифтааст, ки ҳамаи нақшаву барномаҳо ба хотири амалӣ гардондани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.
Бахши аъзами Паёми навбатӣ чун паёмҳои қаблӣ ба соҳаи ҳаётан муҳим - маориф ва илм равона шуда, шаҳодат аз ғамхориҳои маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад. Бояд қайд намуд, ки маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои хосса зоҳир мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Дар панҷ соли охир маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар зиёд шуда, дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 25 дарсад афзоиш ёфтааст ва танҳо дар соли 2017 барои сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё шудааст. Инчунин, дар Паём қайд гардид, ки бо назардошти рушди иқтисодиёти кишвар ва имкониятҳои молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф дар қатори кормандони дигар муассисаҳои буҷетӣ 15 дарсад  зиёд карда мешавад. Бо ин иқдом Президенти мамлакат бори дигар хотирнишон сохтанд, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор аз он ҷиҳат муҳим аст, ки онҳо бевосита саҳмгузори асосии рушди неруи инсонӣ мебошанд. Дар ин радиф ҳисси қаноатмандии Сарвари давлат аз дастовардҳои соҳаи ҳаётан муҳим изҳор гардид. Аз ҷумла, зикр шуд: " Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ; дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ, сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Тибқи назарсанҷии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф соли 2017 Тоҷикистон аз рӯйи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54 ва дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро соҳиб шудааст".
Маҳз боварӣ ва  ғамхориҳои Сарвари  давлат дас-туре барои қадамҳои  устувор  дар  тарбияи  насли нав- рас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, хештандорӣ, ватандӯстиву меҳанпарварӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, густариши эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ба ҳар як сокини кишвар зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат дар роҳи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ содиқона хизмат намоянд ва дар татбиқи саривақтии ҳадафҳои бунёдии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
устоди филиали Донишгоҳи технологии
Тоҷикистон дар шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2018    №: 33    Мутолиа карданд: 1201
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед