номаҳо
ЛИБОСИ МИЛЛӢ ИФТИХОРИ МИЛЛИСТ
Ҳар як халқу миллатро бо анъанаҳои хосси худ мешиносанд. Аз ин рӯ, гиромидошти анъанаҳои миллӣ ва истифодаи дурусти он дар замони муосир басо муҳим аст. Мутаассифона, аксар вақт мушоҳида менамоем, ки мардуми мо ба ин масъала кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ба қадри арзишҳои миллӣ нарасида, ба анъанаҳои халқҳои дигар, бахусус ба либоспӯшии онҳо тақлид менамоянд.
Тақлиди кӯркӯрона ба либоспӯшии миллатҳои дигар вақтҳои охир ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст. Пешвои миллат ин масъаларо ҳамеша ёдрас шуда, тарзи либоспӯшии ниёгонамонро ҳамчун намуна мисол меоранд. Месазад, ки ин дастурро сармашқи кори худ намуда, дар ин масъала аз гузаштагони хеш ибрат гирем.
Масъалаи либос ба назари баъзеҳо басо сабук ва камаҳамият менамояд. Вале он танҳо аз як порча матоъ ташкил наёфтааст. Сухан дар бораи либоси миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллат меравад, ки онро бояд ҳифз намуд. Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқ дар худ таҷассум менамояд, василаи муҳими худшиносӣ ба шумор меравад.
Агар либоси миллат мазмуни хосси худро намедошт, чаро яке дароз дигаре кӯтоҳ, сеюмӣ васеъ дӯхта мешаванд? Ҳикмати дигари либосро бубинед, ки ранги онро низ вобаста ба маросимҳо интихоб мекунанд. Яъне, либоси тӯю сур ва азодорӣ аз ҳам фарқ доранд.
Ин ҳама бозгӯи он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият будааст, ҳувияти онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд. Ҳар шахсе, ки ба дараҷаи худшиносӣ расидааст, дарк мекунад, ки арзишҳои миллӣ басо зарур ва риоя кардани онҳо ҳам қарзу ҳам ифтихор аст.
Ҳамин ҷузъи фарҳанги миллиро, ки моро ҳамчун намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ менамояд, бояд аз тақлиди кӯркӯрона нигоҳ дорем.
Боиси таассуф аст, ки баъзеҳо ба асли ин матлаб сарфаҳм намераванд. Фикр мекунам, ин ҷо ҳеҷ як монеае барои либоспӯшии онҳо пайдо нагардидааст, балки дар чорчӯбаи ҳувияти миллӣ ин масъала роҳандозӣ мегардад.
Дарвоқеъ, ба бар кардани пироҳани аз матоъҳои миллӣ – атласу адрас ва чакан дӯхташуда ҳам ба духтарон ҳусн зам мекунад ва ҳам барои саломатии онҳо басо муфид аст.
Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.02.2018 №: 33 Мутолиа карданд: 1322