logo

маориф

"ОЙИНА" - И ГИМНАЗИЯ

Дар назди гимназияи № 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маҳфили илмӣ - адабии «Ойина» таъсис ёфт. Ҳадаф аз он тарбияи ҷавонону наврасони эҷодкор мебошад, ки бо ин мақсад ҳафтае як маротиба бо иштироки шоирону нависандагони маъруфи кишвар ва адибони ҷавон гузаронда мешавад.

Таъсиси  маҳфили «Ойина» бо хоҳишу пешниҳоди худи хонандагони боистеъдод ва волидони эшон сурат гирифт. Зеро солҳои охир сафи наврасони эҷодкор афзуда, зарурат пайдо шуд, ки ба онҳо қоидаҳои аввалияи назму наср омӯзонда шавад. Аз ин сабаб, минбаъд мутахассисони соҳаи суханшиносиро даъват намуда, кӯшиш мекунем, ки ба ин васила донишу биниш ва таҷрибаи андухтаи онҳо ба насли наврас интиқол ёбад. 
Тавре ҳамагон шоҳидем, бо ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлат, бавижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 26 соли соҳибистиқлолӣ барои атфоли тоҷик садҳо мактабу боғчаҳо, даҳҳо истироҳатгоҳу шифохонаҳо ва варзишгоҳҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Ва ин раванд ҳанӯз ҳам бомаром идома дорад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки зодагони истиқлол дурдонаҳои тоза ба ганҷинаи фарҳанги аҷдоди худ зам намуда, тоҷикон ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Ин ҳама ниёзи давру замон аст ва фарзандони моро рағбату кӯшиши беинтиҳо дар пайи навовариҳои илмию техникӣ ва ҷавҳарнамоии истеъдоду ҳунари баланд пешорӯст. Муҳимтар аз ҳама, фарзандонамон оянда чун ойина акси моро бароямон бозмедиҳанд. Дар зиндагӣ асаре аз худ гузоштем ё на, фарзандонамон муайян хоҳанд кард. Бигзор, «Ойина» - и гимназия дар таҷаллии нуқсу камоли толибилмон ва ояндаи рӯшани онҳо хидмат намояд.
Раъно ЁРОВА,
директори гимназияи № 1 барои
хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2018    №: 33    Мутолиа карданд: 1172
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед