маориф
ОЛИМПИАДАҲОИ НОМӢ. РОҲИ НАВИ ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲО
Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2014 «Барномаи давлатии дар- ёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015 - 2020» қабул гардид. Баҳри амалӣ намудани он дар ҳар ноҳия марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил гардиданд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ чунин марказ ташкил карда шудааст.
Чанде пеш дар асоси низомномаи олимпиадаи наврасон аз фанҳои табиӣ - риёзӣ (синфҳои 5 - 8) дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 - и ноҳия олимпиадаи наврасон баргузор гардид. Дар даври ноҳиявӣ 774 хонанда иштирок намуда, аз онҳо 105 нафар ба даври минтақавӣ (ноҳияҳои тобеи марказ) роҳхат гирифт.
Ҳамзамон, чор нафар хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия: Парвиз Одинаев, Нигора Юсуфова, Наргис Амирбекова, хонандагони гимназияи тоҷикӣ - русии ба номи А. С. Пушкин ва Искандар Ҳодимов аз МТМУ № 59 - и ноҳия дар олимпиадаи фосилавӣ аз фанни забони русии Донишгоҳи давлатии ба номи И. Улянови Федератсияи Русия ширкат варзида, бо ифтихорномаҳо сазовор дониста шуданд.
Дар МТМУ № 34 - и ноҳия бо иштироки 136 нафар хонандагони таълимгоҳҳо олимпиадаи номӣ бахшида ба хотираи Ойим Худоёрова аз фанни забони англисӣ баргузор гардид. Боиси тазаккур аст, ки дар таълимгоҳи № 21 низ олимпиадаи номӣ бахшида ба гиромидошти собиқадори ҷангу меҳнат М. Норбӯтаев баргузор шуд. Олимпиадаи мазкур аз рӯи 8 фан - физика, химия, биология, таърих, ҳуқуқ, забони давлатӣ, забони русӣ гузаронда шуд. Ҳамагӣ аз ҳамаи таълимгоҳҳои Ҷамоати деҳоти Султонобод 200 хонанда ширкат варзид. Дар фанҳои таърих, биология ва забони давлатӣ дониши нисбатан хуб миёни хонандагон мушоҳида гардид. Ҳамчунин, олимпиадаи номӣ аз фанни забони давлатӣ дар деҳаи Хоҷабулбулони Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳия доир гардид. Олимпиадаи мазкур ба гиромидошти собиқадори соҳаи маориф О. Рустамов бахшида шуд. Дар он 80 хонандаи синфҳои 8 - 11 аз таълимгоҳҳои ҷамоати мазкур, ки хеле дурдаст аст, ширкат варзид. Боиси хушнудист, ки дар радифи олимпиадаҳои номӣ дар таълимгоҳҳои ноҳия мусобиқаҳои варзишии намуди шоҳмот, шашка ва волейбол низ баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳои варзишӣ зиёда аз 400 хонанда иштирок намуда, дар ҷамъбаст ғолибон бо ҷому ифтихорномаҳо сарфароз шуданд.
З. НОРОВА,
роҳбари Маркази дарёфт ва рушди
истеъдодҳои ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.02.2018 №: 34 Мутолиа карданд: 1399