logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ҒУЛОМИ НАФС
Мутахассиси мизи ҳарбӣ барои порагирӣ боздошт гардид
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор Файзалӣ Аюбовро бо далели ришваситонӣ боздошт карданд.
Бино ба иттилои сомонаи агентӣ, номбурда барои тайёр карда додани билети ҳарбии корношоям аз шаҳрванд «А» 5000 сомонӣ талаб намуда, зимни гирифтани ин маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Файзалӣ Аюбов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ
алайҳи марди сархуше, ки оқибати кирдораш бо марг анҷом ёфт
Як сокини ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар ҳолати мастӣ даст ба куштори одам задааст. Ӯ марди 33 - солаи сокини деҳаи Қизилпартизани ноҳияро дар хонаи истиқоматиаш шадидан латукӯб карда, бо зарби корд ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонд, ки дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.
Рӯзи 11 феврал кормандони ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён баъд аз дарёфти хабари телефонӣ дар бораи рух додани ҷиноят, билфосила шахси гумонбарро дастгир намуданд. Ӯ марди 46 – солаи сокини Ҷамоати деҳоти Бостонқалъаи ҳамин ноҳия буда, қаблан бо моддаҳои 240, 220, 89, 110 қисми 3 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Ба иттилои маркази матбуоти ВКД, аз рӯи ин ҳодиса бар асоси моддаи 104 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Муомилоти ғайриқонунӣ боиси ҷавобгарӣ шуд
Маъмурони милитсия як марди 35 - солаи шаҳри Ваҳдатро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо боздошт карданд.
Ба иттилои манобеи ВКД, зимни кофтукови шахсӣ аз номбурда сангҳои қиматбаҳо дарёфт ва мусодира шудааст, ки бар пояи маълумотномаи назорати давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон он аз 2 адад санги қиматбаҳои “зумрад”, бо вазни 5,62 грамм ва 1 адад санги “ёқут” вазнаш 114,37 грамм иборат аст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2018    №: 35    Мутолиа карданд: 1164
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед