logo

ҳуқуқ

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. ОҚИБАТИ ҶИНОЯТ ҶАЗО

Соли гузашта содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ нисбат ба соли пешӣ 25 дарсад афзуд. Ин масъала дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди нигаронӣ қарор гирифта, ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода шуд, ки барои сари вақт ошкор ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар дар фаъолияти кормандони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин, судҳо ва бонкҳо ба амал омадаанд. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ ҷиноятҳо тамоюли зиёдшавӣ доранд, ки нишон аз бемасъулиятӣ ва хилофи қонун амал кардани роҳбарону кормандон аст.
Ба гуфтаи Музаффар Аҳмадзода, сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, васеъ будани доираи ваколатҳои ба шахсони мансабдор додашуда, номуайянӣ дар муҳлати иҷрои қарорҳо, ҳамчунин, такроршавии ваколатҳо дар байни мақомоти давлатӣ, хусусан мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот сабабҳои асосии афзоиши амалҳои коррупсионӣ мебошанд. Бо суиистифода аз вазифа ва ваколатҳои муқаррарсохтаи қонунгузорӣ бархе роҳбарону кормандон ҳангоми ҳалли масоили пешомадаи шаҳрвандон, хосса соҳибкорон  манфиат меҷӯянд. Далел боздошти мансабдор, муовини сардори сарраёсат – сардори раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аст, ки дар ҳаҷми 490 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.
Албатта, ҳолати коррупсионӣ аз ҷониби як нафар сар намезанад, нафари дуюм, яъне корафтода низ аз ноилоҷӣ ва хоҳиши зудтар ҳал кардани проблема ба қонуншиканӣ роҳ медиҳад. Чунин андешаро тақрибан 40 дарсади шаҳрвандон дар натиҷаи пурсиши сотсиологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳар се сол гузаронда мешавад, иброз доштанд. Дар  пурсиши охирин (соли 2015) шаҳрвандон ба суоли «Ба фикри шумо коррупсия, порагирӣ дар байни мансабдорони ҷумҳурӣ ба кадом андоза паҳн шудааст?» посух гуфтанд, ки «мансабдор маҷбур мекунад, ишора мекунад ё вазъиятро барои ин ба миён меоварад». Қариб сеяки шаҳрвандон бар он назаранд, ки кормандони мақомоти маҳаллии идоракунӣ бештар пора мегиранд. 52,6 дарсад сабаби ба амал омадани коррупсияро ба сатҳи пасти дониши ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста медонанд. Вале, дар ҳама ҳолат, модоме ки мардум аз ҳуқуқи худ бехабаранд, мансабдор ва ё роҳбарону кормандони ин ё он муассиса, ки пешрафти соҳа дар дасти онҳост, набояд бо суиистифода аз мансаб ба қонуншиканӣ роҳ диҳанд, баръакс онро пешгирӣ намоянд.
Нигора Муқимова, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи агентӣ, гуфт, ки ошкоршавии 25 дарсади коррупсия дар ҷумҳурӣ натиҷаҳои ҷоннок кардани ҳамкории агентӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
- Кормандони агентӣ бо пурзӯр кардани амалиёти зидди коррупсионӣ, роҳандозии чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаъол кардани сайтҳои иҷтимоии «Viber» ва «WhatsApp» барои қабули муроҷиати шаҳрвандон оид ба рух додани ҳолатҳои коррупсионӣ, корро таҳти назорат гирифтаанд, - гуфт Нигора Муқимова. - Ин аст, ки соли гузашта аз тарафи агентӣ 1 ҳазору 980 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст ва 650 - тои он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. 442 ҷиноят азхудкунӣ ва исрофкорӣ,  113 ҷиноят марбут ба тасарруфи маблағҳои калон мебошад. Инчунин, 636 ҷинояти қаллобӣ, 22 ҷинояти саркашӣ аз супурдани андоз ва 104 ҷиноят вобаста ба гирифтан ва додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ошкор гардиданд. Барои пешгирии коррупсия ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор 3 ҳазору 408 дастури хаттӣ ва 1066 пешниҳоди бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва шароити ба онҳо мусоидаткунанда ирсол гардид. Маблағи умумии зарар аз ҷиноятҳо қариб 209 миллион сомонӣ буда, 58,9 миллион сомонии он барқарор шудааст. Барои рӯёндани маблағи боқимонда корҳо идома доранд.
Пешгирӣ ва ошкор кардани ҳолатҳои коррупсионӣ, албатта, заҳмат ва талошҳои зиёдро тақозо менамояд.
Агар фаъолият содиқона ва аз рӯйи виҷдон сурат гирад, кор ба маротиб хубтар пеш рафта, даромад дучанд зиёд мегардад. Ба ин хотир, ҳар шаҳрванди ба ору номуси Ватанро зарур аст, ки даст рӯйи дил гузошта, баҳри пешрафти ҷомеа ва хушбахтии насли ояндасози миллат талош варзад. 
О. ВАФОБЕК,«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2018    №: 35    Мутолиа карданд: 1171
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед