logo

ҳуқуқ

12 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН БА ҶАВОНИ 27 - СОЛАЕ, КИ ҚАСДИ ШОМИЛШАВӢ БА ГУРӮҲИ ИФРОТИРО ДОШТ

Зуҳуроти даҳшатноки терроризму экстремизм таҳти шиорҳои динӣ ва шомилшавии ҷавонони содаву гумроҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ, бахусус “Давлати исломӣ” ва иштироки онҳо дар муҳорибаҳои ҳарбии Сурияву Ироқ ҳеҷ як фарди солимфикри ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад.

Табиист, ки ин раванд мақомоти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи кишвари моро низ ба андешидани тадбирҳои таъхирнопазир водор намуда, то кунун дар ин самт корҳои судманд анҷом шуданд. Ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳои хусусияти террористиву ифротгароидошта пайваста чораҷӯи менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки иттиҳоди террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ташкилоти террористӣ - экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф шуда, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст. Бо вуҷуди он, ки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар ҳудуди Ироқу Сурия шикаст хӯрда, пойгоҳҳои аслии худро аз даст дод, ҳастанд нафарони гумроҳе, ки то кунун хаёли “ҷиҳод” дар сафи ин гурӯҳро аз мағзи тиҳии худ дур накардаанд.
Ислом Сафоев, сокини шаҳри Душанбе, моҳи октябри соли 2016  ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, тавассути телефони мобилӣ бо аъзои иттиҳоди террористии ба ном «Давлати исломӣ» шинос шуда, ақидаи онҳоро ҷонибдорӣ кардааст. Сипас, бо Алишер ном нафари шахсияташ ба тафтишот номаълум вохӯрда, таклифи ӯро барои ба Ҷумҳурии Сурия рафтан  ва ширкат дар «ҷиҳод» қабул кардааст. Рӯзи 10 апрели соли 2017 ӯ бо даъвату маблағгузории Алишер ва рафиқонаш бо мақсади ғайриқонунӣ дар воҳидҳои мусаллаҳи иттиҳоди террористии ба ном «Давлати исломӣ» пайваст шудан ва дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок намудан, тавассути хатсайри Москва – Алмаато - Истамбул ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия парвоз кард. Ислом Сафоевро дар шаҳри Истамбул бародари Алишер бо номи Зафар пешвоз гирифта, дар хонаи истиқоматиаш маскун кард ва ваъда дод, ки бо пайдо шудани имконият барои убур кардани сарҳади давлати Туркия ба Ҷумҳурии Сурия мусоидат мекунад.  Ӯ баъд аз 20 рӯзи иқомат дар Истамбул аз ҷониби кормандони полиси Туркия дастгир ва 17 августи соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуд.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти раёсати судя Сангинзода Ғайрат 10 январи соли 2018 дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба ӯ баррасӣ кард. Суд Ислом Сафоевро бо моддаҳои 32 қисми 3 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ 12 солу 6 моҳ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин кард. Маҳкумшуда 27 сол дошта, аз карда пушаймон аст, вале подоши ҳар амали нангин чунин хоҳад буд.
Мунаввари САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2018    №: 36    Мутолиа карданд: 1083
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед