logo

энергетика

БУНЁДИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ 110/10 КВ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси  шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва директори минтақавии Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ  Сон Сун-ил  Протоколи музокирот оид ба лоиҳаи «Сохтмони шабакаи барқӣ ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурус- тии Ҷамоати деҳоти Ромит» ба имзо расид.
Зикр шуд, ки татбиқи ин лоиҳа  дар доираи  нақшаи  чорабиниҳо оид  ба  иҷрои дастуру супоришҳои   Пешвои   миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 4 июни соли 2016 дода шуда буданд, роҳандозӣ мегардад.
Чуноне таъкид гардид, дар доираи лоиҳаи мазкур барои бо барқ таъмин кардани деҳаҳои Ғускеф, Пичеф, Қоқу, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти Мазор зеристгоҳи барқии 110/10 кВ бунёд гашта, наздики 53 км хатҳои интиқоли барқи 10 кВ ва 0,4 кВ кашида мешаванд. Дар баробари ин, як қатор иншооти тандурустӣ низ сохта шуда, трансформаторҳо ва таҷҳизоти муосири назорату ҳисоби неруи барқ насб мегарданд.
Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, имкон фароҳам хоҳад овард, ки сокинони ин деҳаҳо пурра бо неруи барқ таъмин гашта, аз хизматрасонии тиббии ҳозиразамон бархӯрдор шаванд.
Мавриди зикр аст, ки барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони шабакаи барқӣ ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурустии Ҷамоати деҳоти Ромит»  аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷудо намудани 6 миллион доллари ИМА маблағи грантӣ дар назар дошта шудааст.
АМИТ «Ховар»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2018    №: 36    Мутолиа карданд: 17315
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед