маориф
Маркази тадқиқоти стратегӣ донишҷӯёнро ба кор ҷалб менамояд
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти бунёдии иҷтимоию иқтисодӣ аз рӯи лоиҳаи «Иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ оид ба коркард ва мониторинги барномаҳои рушд ва фарогирии буҷет», дар доираи зерлоиҳаи «Мукаммалгардонии системаҳои иттилоотӣ дар сатҳи маҳаллӣ» маҷмӯаи «Ҷанбаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ»-ро нашр намудааст.
Сайфулло Сафаров, муовини директори муассисаи мазкур дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони марказ таҳлил ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ, тадқиқоти проблемаҳои фаъолияти навоварӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, таҳлил ва пешгӯии равандҳои демократикунонӣ, этнополитикӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, тадқиқотҳои илмӣ оид ба самтҳои стратегии муносибатҳои байналмилалӣ, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва бахшҳои дигар корҳои муваффақона анҷом ёфтааст.
Дар баробари тадқиқоти илмӣ аз ҷониби марказ дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии меҳнат дар амалисозии лоиҳаи «Шарики устувор чун воситаи таъмини идоракунии самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» тадқиқоти сотсиологии хоҷагиҳои манзилӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир намуданд.
Айни ҳол беш аз 20 нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникӣ, Донишгоҳи Русия-Тоҷикистон дар марказ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5578