маориф
ҲИСОР. МАОРИФ РУШДИ СОҲАҲОИ ДИГАРРО ҲАМ ТАЪМИН МЕКУНАД
Шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор 158 муассисаи таълимӣ дорад. Назорати фаъолияти ин муассисаҳо аз кормандони соҳа масъулияти баландеро тақозо менамояд. Суҳбати мо бо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Наргис Муқимзода аз ҳамин нукта оғоз гардид.
Маълум гардид, ки соли гузашта таваҷҷуҳи масъулон ба пешрафти соҳаи мазкур афзуда, як қатор иқдомҳои созанда роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, базаи таълимӣ мустаҳкам гардида, ба мактабҳо мувофиқи дархост омӯзгорони фаннӣ ҷалб шуданд ва роҳбарияти мактабҳо аз ҳисоби мутахассисони ҷавону кордон такмил ёфт. Дар ин росто, кори Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон низ ҷоннок карда шуд.
- Шиносоӣ бо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон ба мо ёрии зиёд расонд. Дар муддати кӯтоҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, фаъолони маҳаллаҳо, инчунин, бо дастгирии омӯзгорон ва роҳбарони соҳибтаҷриба шароити таълиму тарбия, вазъи таъмини таълимгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ ва ҳамкории муассисаҳо бо падару модарон беҳтар гардид, - изҳор медорад Н. Муқимзода.
Бешубҳа, масъалаи асосии мавриди таваҷҷуҳ сатҳу сифати таҳсилот ва дараҷаи дониши хонандагон мебошад. Сараввал барои он, ки мо дониши хонандагонро баланд бардошта, дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоем, бояд алоқаи муассисаро бо падару модарон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ инро тақозо менамояд.
Ба андешаи Наргис Муқимзода, тараққиёти техникаву технология тақозо мекунад, ки омӯзгори муосир бо тамоми донишҳои техникӣ муҷаҳҳаз ва малакаи кор бо компютер, планшет ва интернетро дошта бошад. Зеро хонандаи синфи ибтидоӣ аллакай бо асбоби технологӣ кор карда, дар зинаҳои дигари таҳсил интернетро пурра истифода мебарад. Бинобар ин, дар моҳи январи соли ҷорӣ омӯзиши компютер миёни омӯзгорон ба таври васеъ ба роҳ монда шуд ва алҳол тибқи маълумот зиёда аз 2354 омӯзгор бо машғулиятҳои компютерӣ фаро гирифта шуданд.
Дар байни омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр раванди тарбияи ҳисси миллӣ ва ватанпарастӣ хуб ба роҳ монда шуда, масъулон кӯшиш доранд, ки насли наврасро тавассути саёҳатҳо ба иншооти азими аср, тамошои ҷойҳои таърихӣ, осорхона ва хона – музейҳои бузургони илму адаб, тамошои саҳнаҳои театрӣ, инчунин, обуна намудани онҳо ба матбуоти даврӣ баланд бардоранд.
- Имсол бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Дар ин маврид, нақшаҳои кории муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати гузарондани экскурсияҳо номгӯи чорабиниҳои махсусро пешбинӣ намудаанд. Аз ин сабаб, имсол ният дорем, ки сафар - саёҳати омӯзгорони шаҳрро ба минтақаҳои сайёҳӣ ва нуқтаҳои таърихиву фарҳангӣ ба роҳ монем. Ба ин восита на танҳо ҷаҳонбинию донишҳои омӯзгоронро тавсеа бахшидан мумкин аст, балки ба рушди саёҳии дохилӣ ҳам метавон мусоидат кард, - афзуд Н. Муқимзода.
Б. САЛИМОВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.02.2018 №: 38 Мутолиа карданд: 1041